Пирӯзӣ: "Истиқлол" дастаи "Алай"-и Қирғизистонро мағлуб кард

Бозии "Истиқлол" ва "Алай-ро дар Варзишгоҳи марказии шаҳри Ҳисор наздики 9000 мухлис тамошо карданд
Sputnik

ДУШАНБЕ, 12 апр — Sputnik. Шоми дирӯз дар Варзишгоҳи марказии шаҳри Ҳисор бозии даври сеюми Ҷоми Конфедератсияи футболи Осиё байни тими "Истиқлол"-и Тоҷикистон ва "Алай"-и Қирғизистон баргузор гардид.

Дар ин вохӯрии ҷолиб дастаи футболи "Истиқлол"-и Тоҷикистон бар дастаи "Алай"-и Қирғизистон бо ҳисоби 1:0 ғолиб омад. Ягона голи ин дидорро бозингари шинохтаи дастаи футболи "Истиқлол" Фатҳулло Фатҳуллоев дар дақиқаи 48 ба ҳадаф расонид.

Бояд зикр кард, ки вохӯрии дастаҳои футболи "Истиқлол" ва "Алай"-ро дар Варзишгоҳи марказии шаҳри Ҳисор 8500 нафар мухлисон тамошо карда, ҳаловат бурданд.

Пештар хабар дода шуд, ки Президенти Конфедератсияи футболи Осиё Шайх Салмон бин Иброҳим Ал-Халифа бо сафари расмӣ ба Тоҷикистон омад.

Шайх Салмон дар доираи ин боздид бо роҳбарияти Федератсияи футболи Тоҷикистон дидор кард.

Дар вохӯрӣ ҷонибҳо масоили дурнамои рушду инкишофи футбол дар минтақаро мавриди таҳлилу баррасӣ қарор доданд.

Конфедератсияи футболи Осиё- ташкилоти муҳими футбол дар минтақаи Осиё мебошад. КФО дар соли 1956 ташкил шуда, маркази маъмурии он пойтахти Малайзия Куала-Лампур мебошад. 47 тими ҷаҳон узви КФО шудааст.