ДУШАНБЕ, 11 апр — Sputnik. Бо фармонҳои раисҷумҳури Тоҷикистон, ки дар хадамоти матбуотӣ нашр шудааст, мудири нави "Тоҷикфилм" таъйин шудааст.
Ҳамин тавр бо қарорҳои ҳукумат, Раҳмон Носир – мудири "Тоҷикфилм", Сайфиддин Давлатзода муовини вазири маориф ва илм ва Орзу Аҳмадзода — муовини раиси Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатӣ таъйин шуданд.
Тибқи фармони дигар, Бахтиёр Муминзода фармондеҳи нирӯҳои хушкигарди Қувваҳои мусаллаҳи Тоҷикистон таъйин шудааст.
Дар баробари ин раисҷумҳур додситонҳои шаҳру навоҳии Тоҷикистонро ҷо ба ҷо кард.
Хадамоти матбуотии раисҷумҳур менасвисад, ки муовини раиси додгоҳи шаҳри Ҳисор, додситонҳои як қатор шаҳру навоҳии кишвар аз ҳисоби ҷавонон таъйин шудаанд.