Навори размоиши "тиллоии" Комроншоҳ Устопириён дар Анталия

Ҷудочии номдори тоҷик Комроншоҳ Устопириён дар сабқати Гран-при-2018 дар Туркия ("Grand-Prix Antalya 2018") пирӯз шуд
Sputnik

Комроншоҳ Устопириён шоми 8 апрел дар рақобати ниҳоӣ бо қаҳрамони ҷаҳон дар куштии ҷудо Неманҷа Маҷдов аз Сербистон пирӯзӣ ба даст овард.

Пас аз ин пирӯзии паҳлавони тоҷик, Тоҷикистон миёни 50 кишвари иштирокдор ба зинаи 8-ум баромад.

Комроншоҳ Устопириён бори дуюм аст, ки сазовори медали тилло мегардад. Ӯ дар "Анталия Гран-при 2017" низ соҳиби мақоми аввал шуда буд.

Комроншоҳ дар маросими ҷоизасупорӣ Суруди миллии Тоҷикистонро хонд.