ДУШАНБЕ, 9 апр — Sputnik. Ҳамкориҳои Тоҷикистон ва Русия аз лаҳзаи барқароршавии муносиботи дипломатӣ таҳким ва тақвият ёфтааст, эълом дошт роҳбари ВКХ Тоҷикистон Сироҷидин Аслов дар дидор бо сарвари намояндагии дипломатии Русия Сергей Лавров.
"Байни кишварҳоии мо як тамоюли мусбии собит дар масоили савдо, иқтисод, башардӯстӣ ва ҳарбиву фаннӣ вуҷуд дорад. Албатта, ҳамаи ин бо шарофати муносибатҳои дӯстона ва боварибахши сарони кишварҳои Тоҷикистон ва Русия аст", — таъкид кард Аслов.
Дар мулоқот оқои Аслов ҳамкориҳои зичи Тоҷикистон ва Русияро дар чорчӯби созмонҳои минтақавӣ — САҲА ва СҲШ зикр намуд. Дар робита ба ин, Аслов бо пешниҳоди эҷоди Маркази зиддимухаддиротии СҲШ дар Душанбе баромад намуд.
"Мехостем кумаки Русияро дар таъсиси Маркази зиддимухаддироти СҲШ ба даст орем", — афзуд вазири корҳои хориҷии Тоҷикистон.
Сарони ВКХ Русия ва Тоҷикистон Сергей Лавров ва Сироҷидин Аслов рӯзи душанбе дар Маскав музокирот карданд.
Тавре намояндаи расмии ВКХ Русия Мария Захарова иброз дошт, "ҷонибҳо дар доираи васеи масоили вобаста ба авзои ҷаҳонӣ, муносиботи дуҷониба, ҳамкориҳои мутақобила дар ҷодаи сиёсати хориҷа табодули афкор хоҳанд кард".