Тоҷикистону Русия Барномаи ҳамкорӣ имзо карданд

Вазири умури хориҷии Тоҷикистон Сирҷидидин Аслов бо даъвати ҳамтои русаш Сергей Лавров бо сафари корӣ ду рӯз аз 8 то 9 апрел дар Маскав қарор дорад
Sputnik

ДУШАНБЕ, 9 апр — Sputnik. Имрӯз дар Маскав музокироти раҳбарони Вазоратҳои хориҷии Тоҷикистону Русия баргузор шуд.

Ба гузориши ВУХ Тоҷикистон, зимни гуфтушунидҳо маҷмуи масъалаҳои ҳамкориҳои дуҷониба байни Тоҷикистону Русия муҳокима шудаанд.

Таваҷҷуҳи махсуси ҷонибҳо ба масоили татбиқи амалии санадҳое, ки дар натиҷаи сафари расмии Владимир Путин ба Тоҷикистон 27 феврали соли 2017 ба имзо расида буданд, зоҳир гардидааст.

Лавров ва Аслов дар Маскав чиро баррасӣ мекунанд

Вазирони корҳои хориҷии Тоҷикистон ва Русия роҷеъ ба масъалаҳои муҳими рӯзномаи байналмилалӣ, инчунин оид ба таъмини амнияти минтақавӣ ва таҳкими робитаҳо дар ҳошияи созмонҳои байналмилалӣ табодули афкор кардаанд.

"Дар натиҷаи сафар Барномаи ҳамкорӣ байни Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Вазорати корҳои хориҷии Федератсияи Русия барои соли 2018 ба имзо расид", — омадааст дар хабарнома.

Пештар хабар дода шуд, ки Тоҷикистон мехоҳад кумаки Русияро дар таъсиси Маркази зиддимухаддироти СҲШ дар Душанбе, ба даст орад.

"Мехостем кумаки Русияро дар таъсиси Маркази зиддимухаддироти СҲШ ба даст орем", — гуфт вазири умури хориҷаи Тоҷикистон Сироҷиддин Аслов зимни мулоқот бо ҳамтои русаш Сергей Лавров.