Вазир: китобхонаҳои Суғду Хатлону Бадахшон ба талабот ҷавобгӯй нестанд

Ин нуктаро вазири фарҳанги Тоҷикистон Шамсиддин Орумбекзода дар маросими ифтитоҳи семинари ҷумҳуриявии кормандони китобхонаҳо гуфт
Sputnik

ДУШАНБЕ, 8 апр- Sputnik. Дар Китобхонаи давлатии бачагонаи ҷумҳуриявии ба номи Мирсаид Миршакар семинари ҷумҳуриявии кормандони китобхонаҳои ҷумҳурӣ дар мавзуи "Китоб — равшангари дилҳо" бахшида ба баргузории Фестивали ҷумҳуриявии "Ҳафтаи китоби кӯдакону наврасони Тоҷикистон" ифтитоҳ гардидааст.

Вазири фарҳанг аз иштирокчиёни семинар даъват ба амал овард, ки дар амалигардонии сиёсати маърифатпарварона ва фарҳангпарваронаи ҳукумати кишвар фаъол бошанд ва усулҳои муосири хизматрасонии китобиро ба мардум роҳандозӣ намоянд. 

"Ба ҳамаи шумо маълум аст, ки дар дар мулоқоти раисҷумҳур бо зиёиён оид ба фаъолият ва вазъи имрӯзаи китобхонаҳо эродҳо гуфта шуданд. Мо низ зимни сафарҳои корӣ ба вилоятҳои Суғду Хатлон ва Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон борҳо шоҳиди он будем, ки вазъи китобхонаҳои маҳаллӣ ба талабот ҷавобгӯ нестанд. Имрӯз месазад, ки иштирокчиёни ин семинар ташаббускор бошанд ва бо пешниҳоди нав оид ба таҳким бахшидани фаъолияти китобҳонаҳо ба мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатӣ дар маҳалҳо муроҷиат намоянд".

Вазири фарҳанг камбудиҳои китобхонаҳои Душанберо ошкор кард

Шамсиддин Орумбекзода инчунин оид ба нашри адабиёти нав, ташкили нуқтаҳои китобфурӯшӣ дар назди китобхонаҳои маҳаллӣ, ободонии гирду атрофи бинои китобхонаҳо ва ғанӣ гардонидани фонди китобӣ сухан гуфтааст.

"Як таҷрибаи хуби солҳои қабл ин буд, ки китобҳои нодире, ки солҳои пешин нашр шудаанд, аз аҳолӣ харидорӣ мекарданд. Имрӯз низ шояд нафароне ҳастанд, ки падару бобояшон олиму китобдӯст буданду фарзандон касбҳои дигарро пеша кардаанд"- иброз дошт вазири ва афзудааст, ки зинда кардани анъанаи харидории чунин китобҳо аз мардум пеши роҳи бо мақсадҳои номувофиқ истифода бурдани онҳоро мегирад. 

Аз номи Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон намояндаи шуъбаи адабиёти бачагона Алӣ Бобоҷон иштирокчиёни семинарро табрик гуфтааст. "Мо бояд бисёртар китоб хонем, забони модариро ҳифз намоем, таърихи давлати худро омӯзем"- таъкид намудааст адиб. 

Алӣ Бобоҷон аз сифат ва мундариҷаи китобҳои бачагона ва дарсӣ изҳори нигаронӣ карда,аст "китобҳои дарсӣ ҳамеша ҳамроҳи кӯдакон ва наврасон ҳастанд. Вақте онҳо мазмунан суст бошанд, чӣ ҷои сухан оид ба адабиёти бадеӣ?" суол гузоштааст Алӣ Бобоҷон.