ДУШАНБЕ, 6 апр — Sputnik. Раисҷумҳури Тоҷикистон ба масъулини кишвар супориши қатъи додааст, ки ба аёдати шоир Бозор Собир дар Амрико рафта, ба вай ҳама гуна кӯмаку дастгирии лозимаро расонанд. Дар ин бора дафтари матбуотии раисҷумҳури Тоҷикистон хабар медиҳад.
Дар ин бора дастури вижаи кишвардор дар вебгоҳи манбаъ мунташир шудааст.
Ёдрас мешавем, рӯзи гузашта хабар дода шуд, ки аҳволи шоири номдор Бозор Собир дар Амрико бад шудаст. Ҳоло ӯро дар шӯъбаи эҳёи яке аз бемористонҳои шаҳри Сиэл табобат мекунанд.
"Эмомалӣ Раҳмон аз ин хабар огаҳ шуда, ба роҳбарияти Вазорати корҳои хориҷӣ, Сафорати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Иёлоти Муттаҳидаи Америка, Намояндагии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Созмони Милали Муттаҳид ва дигар мақомоти марбута супориши қатъӣ доданд, ки ба аёдати ӯ рафта, барои таъмини табобати муттасил, ҳалли тамоми мушкилоти мавҷуда, кӯмаку дастгирӣ ва ҳарчӣ зудтар ба Ватан омадани шоир мусоидат намоянд",- омадааст дар гузориши дафтари матбуотии раисҷумҳур.
Ёдрас мешавем, Бозор Собир моҳи ноябри соли гузашта ҷашни 79-солагиашро дар Амрико таҷлил карда буд. Ӯ гуфта буд, барои хабаргирии фарзандону наздиконаш ба ИМА рафтааст.
Шоир 20 ноябри соли 1938 дар деҳаи Сӯфиёни ноҳияи Файзобод ба дунё омадааст. Маълумоти миёнаро дар интернати давлатии шаҳраки Ҳисор ба даст овард ва соли 1962 Донишгоҳи миллии Тоҷикистонро дар риштаи забон ва адабиёти форсии тоҷикӣ хатм кардааст. Солҳо дар матбуот, аз ҷумла дар дафтари рӯзномаи "Маориф ва маданият", маҷаллаи "Садои Шарқ", ҳафтаномаи "Адолат" фаъолият намудааст. Соле дар кишвари Афғонистон ба сифати мутарҷим ифои вазифа доштааст. Аз соли 1979, ҳудуди даҳ сол, дар Иттиҳодияи нависандагони Тоҷикистон ба унвони мушовири бахши шеър кор кардааст.
Оғози эҷодиёти ӯро ба солҳои 60-ум мутааллиқ медонанд, яъне соли чаҳоруми таҳсилаш дар Донишгоҳ буд, ки аввалин шеърашро (1960) ба табъ расондааст. Ҳамон айём як силсила шеърҳояшро дар саҳифаҳои рӯзномаву маҷаллоти маҳаллӣ рӯи чоп овардааст. Муаллифи доимии маҷаллаи "Садои Шарқ" будааст. Нахустин маҷмӯаи шеърҳои ӯ бо номи "Пайванд" соли 1972 аз чоп баромад.
Дар воқеоти охири солҳои 80 — ибтидои 90-ми Тоҷикистон ӯ ба муборизаи сиёсӣ гаравида, мавқеи миллӣғ-демократиро пазируфт ва узви Ҳизби демократии Тоҷикистон буд. Дар фаъолияти хеш ҳамчун вакил дар Шӯрои Олии ҶШС Тоҷикистон ба сафи мухолифини ҳукумат гаравида камбудиҳои роҳбарияти КМ Ҳизби коммунисти Тоҷикистонро танқид мекард.
Ақидаҳои сиёсии ӯ боиси таъқибу ҳабс гардиданаш (соли 1993) шудаанд. Бо миёнаравии ташкилотҳои баналмилалии ҳифзи ҳуқуқи инсон Amnesty International аз ҳабс озод шуда ба Маскав муҳоҷират намудааст. Декабри соли 1995 ба Иёлоти Муттаҳидаи Амрико, ш. Сиэтл муҳоҷират намуда, онҷо барои рӯзгузаронӣ кори боркашониро иҷро кардааст.
Бозор Собир рӯзи 2майи соли 2013 ба Тоҷикистон бо даъвати Ҳукумати Тоҷикистон ва президент Эмомалӣ Раҳмон ба Тоҷикистон баргашт[4][5]. 4 сентябри соли 2014 ба муносибати 22-юмин солгарди эълони истиқлолияти Тоҷикистон, президент Эмомалӣ Раҳмон ба Бозор Собир Ордени Ситораи Президенти Тоҷикистон дараҷаи III" тақдим кард.