Узбакистон аз молиёт барои воридоти трактор ва мошинҳои боркаш даст кашид

Ворид намудани тракторҳои тасмачарх барои нимпритсепҳо, тягачҳо бо вазни умумии то 20 тонн, инчунин притсепу нипритсепҳо, аз андози воридотӣ ва аксизҳо дар Узбакистон, озод карда шуданд
Sputnik

ДУШАНБЕ, 6 апр — Sputnik. Узбакистон то санаи 1 январи соли 2021 аз молиёт ва аксизҳо барои воридоти трактор ва мошинҳои боркаши махсуси интиқоли меваҷоту сабзавот, даст кашид, қарори дахлдори раисиҷумҳури мамлакат Шавкат Мирзиёев дар пойгоҳи миллии қонунгузории ҷумҳурӣ нашр шудааст.  

Тибқи санад, воридоти тракторҳои тасмачарх барои нимпритсепҳо, тягачҳо бо вазни умумии то 20 тонн, инчунин притсепу нипритсепҳо, аз андози воридотӣ ва аксизҳо озод карда шуданд. Дар ҳоли ҳозир, ҳаҷми умумии аксизҳо ва молиёт барои ворид кардани анвоъи мазкури  васоили нақлиёт ба Узбакистон, 70% —и арзиши гумрукии онҳоро дорад. Санад чораҳои тавсеаи истеҳсолот, нигаҳдорӣ, коркард ва содироти маҳсулоти меваю сабзавотро муайян мекунад.

"То санаи 1-уми январи соли 2021 пардохти боҷҳои гумрукӣ ва дигар молиёт ба Фонди ҷумҳуриявии роҳ, ки тавассути он воридоти воситаҳои нақлиёт сурат мегирифту, барои интиқоли маҳсулоти меваю сабзавот ихтисос дода шуда буд, бекор карда шавад".

Мирзиёев ҳамчунин дастур дод, ки дар соли 2018 кластерҳои меваю сабзавот таъсис дода шуда, тамоми ноҳияҳо ба шакли кластерии ташкили истеҳсоли маҳсулоти кишоварзӣ шурӯъ аз соли 2019, ворид карда шаванд.

Мувофиқи маълумоти Кумитаи давлатии омори Узбакистон, ҳаҷми содироти меваю сабзавоти тару тоза ва коркардшуда аз ҷумҳурӣ то охири соли 2017-ум, ба 15,6% расида, арзиши он 708,8 миллион долларо ташкил кардааст.

Тибқи иттилои коршиносон, қисми зиёди сабзавот ва меваҳои Узбакистон ба Русия тавассути миёнаравони Қазоқистон мунтақил мегардад, ки дар доираи Иттиҳоди иқтисодии Авруосиё (ИИАО) имтиёзоти худро истифода мебаранд. Дар байни дигар мушкилоте, ки ба интиқоли маҳсулоти меваву сабзавот ба ФР халал мерасонанд, ин пойгоҳи заъфи омодасозӣ ва умдафурӯшӣ, дар Узбакистон аст. 

Дар моҳи декабри соли 2016 ҳукуматҳои Узбакистон ва ФР созишномаеро бо номи «Дар бораи ташкили тартиби соддагардонии тартиби амалисозии муомилаҳои гумрукӣ ҳангоми интиқоли коло ва васоили нақлиёт миёни Ҷумҳурии Узбакистон ва Федератсияи Русия» (роҷеъ ба "даҳлези сабз") ба имзо расониданд. Он барои таҳвилкунандагони маҳсулоти меваву сабзавот ва маводи ғизоӣ (қаҳва, чой, хамиртуруш, хардал) пешбинӣ шудааст.