Бо арматур ва тоскулоҳ: навори задухӯрди гурӯҳии тоҷикон ва куриёиҳо дар Русия

Дар майдони сохтмоние дар шаҳри Краснодар тоҷикону куриёиҳо бо далели номаълум ба ҳамдигар дарафтоданд. Ҳоло тафтишот муайян мекунад, ки сабаби ҷанҷол дар чист
Sputnik

Дар интернет навори задӯхрди зиёда аз 15 муҳоҷири тоҷику куриёӣ паҳн шудааст. Тавре дар навор дида мешавад, муҳоҷирон дар рафти ҷанҷол ҳатто аз арматур ва тоскулоҳ истифода бурдаанд.

Тавре расонаҳои Русия хабар додаанд, аз ин ҳодиса полис хабар наёфтааст. Аз руйи навори дар шабакаҳои иҷтимоӣ паҳнгашта, тафтишот идома дорад.