Президенти КФО бо сафари расмӣ ба Тоҷикистон меояд

Дар назар аст, ки Шайх Салмон бин Иброҳим Ал-Халифа бо президенти Федератсияи футболи Тоҷикистон Рутам Эмомалӣ мулоқот кунад
Sputnik

ДУШАНБЕ, 5 апр — Sputnik. Президенти Конфедератсияи футболи Осиё Шайх Салмон бин Иброҳим Ал-Халифа бо сафари расмӣ имрӯз, 5-уми апрел, ба Тоҷикистон ташриф меорад.Дар ин бора вебгоҳи Федератсияи футболи Тоҷикистон гузориш медиҳад.

Гуфта мешавад, Шайх Салмон дар доираи ин боздид бо роҳбарияти Федератсияи футболи Тоҷикистондидор кунад.

"Дар вохӯрӣ ҷонибҳо масоили дурнамои рушду инкишофи футбол дар минтақаро мавриди таҳлилу баррасӣ қарор хоҳанд дод",- гуфта мешавад дар иттилои манбаъ.

Конфедератсияи футболи Осиё- ташкилоти муҳими футбол дар минтақаи Осиё мебошад. КФО дар соли 1956 ташкил шуда, маркази маъмурии он пойтахти Малайзия Куала-Лампур мебошад. 47 тими ҷаҳон узви КФО шудааст.