Варзишкорони номии тоҷик дар дар Гран-прии Анталия қувваозмоӣ мекунанд

Тоҷикистонро дар ин сабқати бонуфуз варзишгарони машҳур чун Бкҳрӯз Хоҷазода, Комроншоҳ Устопириён, Саидҷалол Саидов ва дигарон намояндагӣ хоҳанд кард
Sputnik

ДУШАНБЕ, 5 апр — Sputnik. Паҳлавонони шинохтаи тоҷик дар Мусобиқаи байналмилалии Гран-прии дзюдо, ки рӯзҳои 6-8 апрел дар шаҳри Анталияи Туркия баргузор мешавад, ширкат мекунанд.

Тавре аз Федератсияи дзюдои Тоҷикистон расонаҳои расмии Тоҷикистон иттилоъ доданд, дар ин мусобиқаи байналмилалӣ ширкати 350 нафар варзишгарон аз 52 кишвар дар назар аст.

Бояд зикр кард, ки дастаи мунтахаби Тоҷикистонро дар ин чорабинии бонуфуз шаш варзишгар: Наврӯз Каримзод дар вазни 66 кг, Беҳрӯзи Хоҷазода, Мирзоҷамил Рамазонов, ҳарду дар вазни 73 кг, Акмал Муродов дар вазни 81 кг, Комроншоҳи Устопириён дар вазни 90 кг ва Саидҷалол Саидов дар вазни 100 кг намояндагӣ мекунанд.

Пештар хабар дода шуд, ки самбогирони Тоҷикистон аз ҳаққи ширкат дар мусобиқоти ҷаҳонӣ маҳрум шудан.
Федеросюни байналмилалии самбо (FIAS) узвияти Федеросюни самбои Тоҷикистонро ба далели напардохтани 900 дулор қарз мутаваққиф кардааст.

ФСТ дар 3 соли ахир ҳаққи узвият дар ФБС-ро напардохтааст. Пас аз мутаваққиф шудани узвияти ФСТ дар ФБС куштигирони тоҷик иҷоза наёфтанд дар мусобиқоти "Ҷоми ёдбуди Харлампиев" дар Русия ширкат кунанд.

Самбокорони тоҷик то замоне, ки ФСТ қарзи сесолааашро ба ФБС пардохт накунад, аз ҳаққи ширкат дар ҳама мусобиқоти байналмилалӣ маҳрум хоҳанд буд.