Сӯхтор дар маркази савдои "Персей" дар Маскав

Мардумро тариқи зинапояи иловагӣ аз дохили марказ берун мебароранд
Sputnik

ДУШАНБЕ, 4 апр — Sputnik. Маркази савдои "Персей" воқеъ дар шарқи Маскав, рӯзи чоршанбе дар гирифт, хабар медиҳад РИА Новости.

"Ин сӯхторро аз рӯи меъёри наҷотдиҳӣ, дараҷаи дуюми мураккабӣ арзёбӣ кардаанд. Дар паи сӯхтор чанд тан ҷароҳат бардоштааст. Мардумро аз дохили маркази савдо тариқи зинапояи иловагӣ ба берун мебароранд", — хабар додааст ҳамсуҳбати оҷонсӣ.

Дар хадамоти матбуоти МЧС сӯхтори маркази савдоро дар суроғаи Малая Семеновская, 28 тайъид карданд, вале ҷузъиёти бештареро ошкор накарданд.

Ёдовар мешавем, ки рӯзи 25 март дар маркази савдои "Зимняя вишня" дар Кемерово сӯхтор ба амал омад. Дар паи сухтор 64 кас аз ҷумла 41 кӯдак ҷон бохт.