Парлумони Тоҷикистон қонуни бехатарии иншооти гидротехникиро ислоҳ кард

Парлумони Тоҷикистон имрӯз қонун "Дар бораи бехтатарии иншооти гидротехники"-ро ислоҳ кард
Sputnik

ДУШАНБЕ, 4 апр— Sputnik. Вакилони парлумони Тоҷикистон дар ҷаласаи навбатии иҷлосияи чоруми Маҷлиси намояндагон, ки 4 апрел таҳти раёсатb Шукурҷон Зуҳуров доир гардид, ба тарҳи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи бехатарии иншооти гидротехникӣ" тағйирот ворид кард.

Муовини аввали вазири энергетика ва захираҳои об Султон Раҳимзода тарҳи қонуни мазкурро тавзеҳ дода, гуфт, ки он масъалаи таъмини бехатарӣ дар лоиҳакашӣ, сохтмон, таъмири асосӣ, мавриди истифода қарор додан, таҷдид, барқарорсозӣ ва барҳам додани иншооти гидротехникиро ба танзим даровардааст.

Тағйирот ба қонун: синни ниҳоии хидмати низомиён боло бурда мешавад

Қонун "Дар бораи бехатарии иншооти гидротехникӣ" ба таври мушаххас самтҳои таъмини фаъолияти иншооти гидротехникиро бо ҳуқуқу уҳдадориҳои моликони иншооти гидротехникӣ, салоҳият ва ваколатҳои мақоми назоратӣ муайян намуда, навъҳои ҳуқуқвайронкуниҳоро оид ба бехатарии иншооти гидротехникӣ муқаррар намудааст.

Вакилон ҳамзамон ба Кодекси ҳуқуқвайронкунии маъмурии Тоҷикистон иловаҳо ворид кардаанд.

Вакили Маҷлиси намояндагон Бахтовар Сафарзода дар ин росто гуфтааст, ки ин санад аз ҷониби Ҳукуматба Парлумон пешниҳод гардидааст ва он масъалаҳои таъмини бехатарӣ дар лоиҳакашӣ, сохтмон, таъмири асосӣ, мавриди истифода қарор додан, таҷдид, барқарорсозӣ ва барҳам додании иншооти гидротехникиро фаро гирифта, барои риоя накардани қоидаҳои дахлдор дар ин соҳа ҷавобгарии маъмурӣ пешбинӣ менамояд.

Дар иртибот ба Кодекси ҳуқуқвайронкунии маъмурии Ҷумҳурии Тоҷикистон боби 231 — "Ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ дар соҳаи бехатарии иншооти гидротехникӣ" бо чор модда илова гардидааст.