ДУШАНБЕ, 30 мар — Sputnik. Кишварҳои Осиёи Марказӣ ба наздикшавии минтақавӣ дар иқтисод ва сиёсати хориҷии худ танҳо ба иқтидору тавоноии худ такя мекунанд. Гарчанде аз ҳамсояи бузург ва сармоягузори худ — Чин вобастагӣ доранд.
Коршиносон дар мизи гирд "Осиёи Марказӣ ва Русия: сохтани ояндаи муштарак" дар Шӯрои Русия оид ба корҳои байналмллалӣ, ба ҳамин хулоса расиданд.
Агар ба доктринаҳои сиёсати хориҷие, ки ҳукуматҳои Қазоқистон, Узбакистон, Тоҷикистон ва Қирғизистон барои — солҳои наздик интишор кардаанд, назар андозем, метавон гуфт, ки роҳбарияти ҳар як кишвар ояндаи давлати худро ба мисоли ояндаи ҳамсояҳои худ мебинад.
Мақсадҳо гуногунанд — ҳадаф як аст
Роҳҳо метавонанд гуногун бошанд. Барои мисол тибқи ҳуҷҷатҳои расмии Остона, ин кишвар натанҳо дар бораи ҳамкорӣ миёни кишварҳои минтақа гуфта аст, балки дар оянда хостори сохтани сохтори ягонаи иқтисоди Осиёи Марказӣ мебошад.
Тоҷкистон бошад, бештар ба ҳамкории дуҷониба хусусан бо Узбакистон таваҷҷуҳ дорад.
Ба ҳар сурат, новобаста аз роҳҳои гуногун, асоси сиёсати хориҷӣ, марзҳои боз дар дохили Осиёи Марказӣ мебошад.
"Агар мо дар бораи ҳар як кишвар дар алоҳидагӣ сухан кунем, ман метавонам бигуям, ки Тоҷикистон танҳо дар бораи Узбакистон мегӯяд. Қирғизистон дар бораи Узбакистон ва Қазоқистон мегӯяд. Вале бештар дар равобити кишварҳо, ҳамкорӣ бо ҳамсояҳо афзалият дорад" — мегӯяд мудири бахши иқтисодии Пажӯҳишкадаи кишварҳои пасошуравӣ АУР Елена Кузмина.
Чунин нест, ки дар муносиботи ин кишварҳо ҳамдигарфаҳмии идеалӣ дида шавад. Ин ғайри имкон аст, ҳатто агар кишварҳо сахт кӯшиш кунанд.
Бештари ихтилофоти пешина, ба монанди номуайянии марзҳо аз солҳои 90, ҳал мешаванд, вале на чандон бо суръат.
Барои мисол, Тошканд бо тадриҷ ҳуҷҷатҳои лозима барои муайян намудани ин ё он метри квадратӣ дар марзро бо Душанбе ва Бишкек имзо дорад ва харитаи сарҳадро бо ин кишварҳо муайян месозад. Вале Узбакистон барои имзои созишнома оид ба аломатгузории марз бо Қазоқистон, ки сарҳади ором дониста мешавад, шитоб надорад.
Вале тағийрот ба чашм мерасад.
"Ин албатта, як пирӯзист, чунки ба мардум барои рафтан ба хориҷ аз кишвар иҷозат доданд. Иқдомҳои иқтисодии хуб ҳам дида мешавад, барои ман хабари хуш ин буд, ки Узбакистон қонунҳои дохилӣ, барои аз байн бурдани мушкилоти зиёди интиқоли колоро тариқи марз, қабул намудааст", — меафзояд Кузмина.
Суди муштарак
Бе ёди Чин дар бораи ояндаи минтақа гуфтан намешавад.
Рушди иқтисоди минтақа бештар аз нуфузи Чин вобастагӣ дорад, ки донори асосии молиявии Тоҷикистон мебошад ва ба Остона, Бишкек, Тошканд ва Ишқобод фаровон сармоягузорӣ мекунад.
Пекин сол то сол дар минтақа нуфузи бештар пайдо мекунад, гарчанде ба сиёсати дохилии кишварҳо дахолат намекунад.
Барои Осиёи Марказӣ Чин аҳамияти бештар дорад, дар қиёс бо аҳамияти Чин ба Осиёи Марказӣ.
"Чин мақсади стротежии муайян дорад. Чин ба таври ҷиддӣ мехоҳад вориди бозори Урупо шавад ва аз вобастагии иқтисоди ИМА озод шавад. Ин иқдом ғайри имкон аст, агар ӯ тариқи Русияву Осиёи Марказӣ роҳандозӣ нашавад", — таъкид мекунад раиси Интитути мушкилоти минтақавӣ Дмитрий Журавлев.
Барои Русия ва Осиёи Марказӣ ин аҳамияти бузурги амалӣ дорад, ба хусус агар мо ба барномаи асосии ҳамгироии роҳбари Чин Си Ҷинпин "Як банд — як роҳ" нигоҳ андозем.
Барои Тоҷикистон ва Қирғизистони камбағал, ин як иқдоми бузург барои рушди минотиқи марзӣ ва навсозии инфрасохторҳои логистикӣ мебошад.
Барои Пекин ин масъалаи сиёсӣ аст, чун Чине, ки дар бозорҳои Амрико бо занҷир баста нашудааст, нақши муҳим дар Осиёи Марказӣ ва ҷанубушарқи Осиёро бозӣ хоҳад кард, ки дар он "аждаҳои бузург"-и сиёсати Чин иштиҳои худро дорад.