Дар Русия шимпанзе аз сирк гурехт (НАВОР)

Дар Русия маймуне ҳангоми ҳунарнамоии сирк дар шаҳри Краснодар ба кӯча фирор кард. Корбарони шабакаҳои иҷтимоӣ шимпанзеи "кӯчагард"-ро ба навор гирифта, мунташир карданд
Sputnik

Бӯзинае бо лақаби Ричард аз сирк ҳангоми ҳунарнамоӣ дар Краснодар фирор кард. Шимпанзе мехостааст ба троллейбус савор шавад, ки доду фарёди кормандони сирк  ӯро аз роҳаш бар гардонд. Вай наздики ним соат дар шаҳр гашту гузор кардааст.

Дар охир шимпанзеро дастгир карда, бар қафасаш бурданд. Гуфта мешавад, бӯзина дар намоишномаи "Сирки подшоҳӣ"-и Гӣ Эрадзе ҳунарнамоӣ мекардааст.