ВУХ: Тоҷикистон ҳавасманди ҳамкорӣ бо ширкатҳои ҳавоии Русия аст

Тоҷикистон аз чораҷӯии мақомоти авиатсионии Русия, "ки ба ширкатҳои ҳавоии ҳарду ҷониб зарари иқтисодӣ мерасонад, изҳори нигаронӣ мекунад"
Sputnik

ДУШАНБЕ, 3 апр — Sputnik. Вазорати умури хориҷаи Тоҷикистон мушкилии бамиёномадаи  ширкатҳои ҳавоии Тоҷикистону Русияро тавзеҳ дод. Тавре дафтари матбуотии ниҳод менависад, Тоҷикистон ҷонибдори ҳамкориҳои зич бо ширкатҳои ҳавоии Русия аст.

Гуфта мешавад, ихтилофоти бамиёномада тибқи як Созишномае, ки байни Ҳукумати Тоҷикистон ва Русия ба имзо расидааст, ҳалли худро хоҳад ёфт.

"Ихтилофот миёни ниҳодҳои ҳавоии Тоҷикистон ва Русия дар чорчӯби Созишнома оид ба алоқаи ҳавоӣ аз 12 сентябри соли 1997, ки он ҳамчунин таъйин намудани интиқолдиҳандагони ҳавоиро байни ду кишвар ба танзим медарорад, ҳаллу фасл мегарданд",- гуфта мешавад дар иттилои манбаъ.

Манбаъ меафзояд, кишвар аз чораҷӯии мақомоти авиатсионии Русия, "ки ба ширкатҳои ҳавоии ҳарду ҷониб зарари  иқтисодӣ мерасонад, изҳори нигаронӣ мекунад".

"Тоҷикистон ҷонибдори иҷрои пурраи ӯҳдадориҳои худ тибқи мувофиқаҳои ҳосилшуда ва ҳавасманди ҳамкориҳои зич ва мутақобилан судманд бо мақомоти соҳаи алоқаи ҳавоии Русия  мебошад",- гуфта мешавад дар иттилои манбаъ.

Вазорати нақлиёти Русия: таъйиди сафари ҳайати Тоҷикистонро нагирифтаем

Ихтилофоти ҳавоӣ миёни Тоҷикистону Русия миёнаҳои моҳи март оғоз шуд. Ҷониби Тоҷикистон барои парвози ширкати русии "Уралские авиалинии" аз чанд шаҳри Русия ба Тоҷикистон изҷоза надода Русияро ба нақзи созишномаи имзошуда айбдор карда буд.

Вазорати нақлиёти Русия дар навбати худ, чораҳои ҷавобӣ андешида аз 1 апрел парвозҳои ширкати "Сомон Эйр" ва "Тоҷик Эйр"-ро ба 10 шаҳри кишвараш қатъ кард. Барқияи қатъи парвозҳо рӯзи шанбе ба дасти Вазорати нақлиёти Тоҷикистон расида буд.

Вазорати нақлиёти Тоҷикистон ҳам парвози панҷ ширкати русӣ: "Уралские авиалинии", UTair, "Сибир", "Северный ветер" ва "Глобус"-ро аз таърихи 2 апрел ба шаҳри Душанбе ва Хуҷанд қатъ кард.