Рақси тоҷикӣ: чӣ гуна духтари амрикоӣ дар ансамбли "Лола" ҳунарнамоӣ мекард

Амрикоидухтар Тара Пандея гурӯҳи машҳури ҷаҳонии Cirque du Soleil-ро тарк карда, озими Тоҷикистон шуд ва таи як соли пурра дар ансамбли рақсии "Лола" ҳунарнамоӣ кард
Sputnik

ДУШАНБЕ, 31 мар — Sputnik, Фотима Яҳёева. Кам нафароне медонанд, ки дар дастаи машҳури рақсии "Лола" чанд сол қабл, дар баробари зебоёни маҳаллӣ, рақсҳои миллиро духтари амрикоӣ Тара Пандея иҷро кардааст.  

Аз он замон хеле вақт гузашт, аммо духтар то ба имрӯз, ҳатто баъди бозгашт ба Иёлоти Муттаҳидаи Амрико, ба бозиёна задани пойҳо ва мавзунона тоб додани дастҳои худ дар фазои оҳангҳои тоҷикӣ, хотима намедиҳад.

Дар бораи ишқи бепоёнаш нисбат ба рақсҳои миллии тоҷикӣ, хореографи маъруф аз шаҳри Сан-Франсискои ИМА ба Sputnik Тоҷикистон нақл кард.

Худро дар Помир ёфтам

Дар оғози ин баҳор аксари корбарони бахши тоҷикии шабакаҳои иҷтимоӣ навореро тамошо карданду ба якдигар фиристоданд, ки дар он духтаре дар болои пули Бруклин истодаасту, тоҷикона мерақсад. Ин Тара аст, ки дар фазои суруди нозанини Нигина Амонқулова рақс мекунад.

Рақси зеборо бибин: иҷрои рақси тоҷикӣ дар рӯи пули Бруклин дар Амрико

Навори мазкур дар як муддати кӯтоҳ ҳазорҳо диду даҳҳо шарҳҳои корбарони мутааҷиби шабакаро ҷамъ кард. Бисёрии онҳо чунин пурсише кардаанд, ки ин духтари амрикоӣ аз куҷо ин қадар ишқу муҳаббати тоҷикӣ дорад, ва дигарон умуман бовар кардан наметавонанд, ки ин нозанин бо мӯйҳои майдабофӣ дар Амрико таваллуд ва бузург шудааст.

Вале ин воқеъият аст. Тара Пандея аслан аз шаҳри Сан-Франсиско буда, духтари амрикоии ҳиндинажод асту, ба чанд забон ҳарф мезанад англисӣ, чинӣ, тоҷикӣ ва уйғурӣ.

"Ман ба тааҷҷуби мардум одат кардаам, зеро дар воқеъ вуҷуди маро бисёр урфу одатҳои шарқӣ фаро гирифтааст, вагарна тоҷикон кайҳо пай мебурданд, ки масалан, дар дастаи "Лола" духтари ғайри тоҷик рақс мекунад. Тамоми сол, аз  2015 то 2016, ман дар ҳайати асосии даста будаму, бо намоишҳои барномавиям ба кулли манотиқи Тоҷикистон сафар кардаам", — шарҳ медиҳад Тара.

Тара аввалин хориҷидухтарест, ки дар ансамбли миллии ҷумҳуриявӣ кору фаъолият кардааст. Ҳатто як бор ӯ имкони ҳунарнамоӣ дар назди раисҷумҳури Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмонро низ доштааст.

Раққоса ҳанӯз дар синни 12-13-солагияш бо ҷаҳони Шарқ ошно шудааст. Дар ин кор ба ӯ модараш кумак кардааст, ки тахминан 40 соли умрашро ба омӯзиш ва иҷрои рақсҳои миллатҳои гуногун, бахшидааст.

Дар айни ҳол амрикоидухтар ба якчанд тарҳҳои рақсӣ машғул аст. Ба тамоми ҷаҳон чарх мезанаду дараҷаҳои мастер-класс нишон медиҳад. Тара Пандея ҳамчунин муддати як моҳ дар Русия қарор дошт — тамоми апрели соли гузашта амрикоидухт дар Санкт-Петербург ба ҷустуҷӯи раққосони боистеъдод аз Тоҷикистон, Узбакистон, Қазоқистон, Эрон ва Афғонистон машғул буд.