Беш аз 50 кас дар тӯй дар Тошканд заҳролуд шуданд

Ҳамаи ҷабрдидагон 28 март ба тарабхонаи маҳаллӣ рафта будаанд, ки дар он ҷо тӯй ва дугонаталбон мегузаштааст, дар ин маъракаҳо таъомҳои аврупоӣ ва миллӣ пешниҳод шуда будааст
Sputnik

ДУШАНБЕ, 1 апр — Sputnik. Панҷоҳу панҷ нафар, аз он ҷумла шаш тифл, дар тарабхонаи шаҳри Бекободи вилояти Тошканд заҳролуд гардидаанд, ҳамаи онҳо дар беморхона бистарӣ шудаанд, хабар дод рӯзи шанбе хадамоти матбуоти Вазорати тандурустии Узбакистон.

"Аз соати 6.30 (4.30)  то соати 14.30 (12.30)-и 30-юми март 55 нафар бо нишонаҳои заҳролудшавӣ аз ғизо (дилбеҳузурӣ, қайкунӣ, сардардӣ) ба беморхонаи касалиҳои сирояткунанда муроҷиат карданд, онҳо бо ташхиси пешакии "Заҳролудшавии ғизоӣ. Гастроэнтрити шадид" дар беморхона бистарӣ шуданд, — гуфта мешавад дар иттилоъ.

Бино ба иттилои хадамоти матбуот, ҳамаи ҷабрдидагон рӯзи 28 март тарабхонаи маҳаллӣ омада буданд, ки дар он ҷо тӯй ва дугонаталбон мегузашт. Дар ин маъракаҳо таъомҳои аврупоӣ ва миллӣ пешниҳод шуда буд.

Бо мақсадҳои равшан кардани вазъияти заҳролудшавии ғизо ва расонидани кумаки зарурии машваратӣ, дар шаҳр гурӯҳи мутахассисони Вазорати тандурустӣ кор мекунад, беморхонаи маҳаллӣ бо миқдори кофии доруворӣ таъмин шудааст.

"Дар ҳоли ҳозир ба ҷабрдидагон кӯмаки тибии тахассусӣ расонида мешавад. Нӯҳ нафари онҳо аллакай аз бемористон ҷавоб дода шудаанду, табобати амбулаторӣ мегиранд. Авзои дигаронашон вазнини миёна аст. Вазъи эпидемӣ зери назорати доимӣ қарор дорад", — гузориш доданд дар вазорат.