Губернатори Кемерово Аман Тулеев истеъфо дод

Губернатори Кемерово Аман Тулеев гуфтааст, ки истеъфоро ягона қарори дуруст мешуморад
Sputnik

ДУШАНБЕ, 1 апр — Sputnik. Аман Тулеев губернатори Кемерово пеш аз муҳлат вазифаашро тарк мекунад, хабар медиҳад РИА Новости.

"Губернатори Кемерово бо аризаи истеъфо бо хоҳиши шахсӣ ба раисҷумҳури Русия Владимир Путин муроҷиат кардааст", —омадааст дар хабарномаи равобити умумии ҳукумати маҳаллӣ.

Аман Тулеев 73 сол дораду аз соли 1997 инҷониб губернатори Кемерово аст. Ӯ чаҳор маротиба ба ин вазифа интихоб шудааст. Муҳлати адои вазифааш ин бор, бояд соли 2020 анҷом меёфт.

Пас аз Соловёв: раҳбари Кумитаи тафтишотии Русия Фарзонро қадрдонӣ кард

Тулеев тариқи муроҷиати видеоӣ гуфтааст, ки ҳар кори аз дасташ омадаро анҷом додааст ва бори дигар ба хонаводаҳои қурбониёни сӯхтор изҳори таслият мекунад.

"Муҳтарам бошандагон, ман ҳар кори аз дастам омадаро анҷом додам. Бо хонаводаҳои қурбониён дидор кардам, барои кӯмак ба онҳо кӯшиш кардам. Бори дигар изҳори таслият мекунам. Вале бояд зист, то ёди касонеро, ки моро дар ин сӯхтор тарк карданд зинда нигоҳ дошт", —гуфтааст Тулеев.

Пештар додгоҳи Кемерово мудири маркази савдои "Зимняя вишня" Юлия Богдановаро ба муҳлати яку ним моҳ то 25 майи соли 2018 ҳабс кард.

Сӯхтор дар бинои маркази савдои чорошёнаи "Зимняя вишня" дар шаҳри Кемерово рӯзи 25 март рух дод.

Манбаи сӯхтор дар ошёнаи болоӣ будааст, ки дар он ҷо якчанд кинотолор ва майдончаҳои бозии кӯдакон бо аттраксионҳо, вуҷуд доштанд.
Дар паи ин сӯхтор, бино ба маълумотҳои ахир 64 нафар ба ҳалокат расидаанд, ки дар байнашон кӯдакони зиёд будаанд.