ДУШАНБЕ, 31 мар — Sputnik. Сардори Раёсати Вазорати умури дохилаи Тоҷикистон дар шаҳри Душанбе генерал-майори милиса Шариф Назарзода бо донишҷӯёну устодони Донишгоҳи миллии Тоҷикистон мулоқот кард, хабар медиҳад дафтари матбуотии раёсат.
Бино бар иттилои манбаъ, мулоқоти Назарзода барои иҷрои қарори шаҳрдори Душанбе Рустами Эмомалӣ дар бораи тарғиби одоби шаҳрнишинӣ сурат гирифтааст.
"Мулоқот дар толори Филармонияи давлатии Тоҷикистон ба номи Акашариф Ҷураев баргузор гардид ва дар он беш аз 1000 нафар донишҷӯён, аспирантону унвонҷӯён, ҷавонони фаъоли гурӯҳи "Авангард" ва устодони Донишгоҳи миллӣ ширкат доштанд",- гуфта мешавад дар иттилои манбаъ.
Манбаъ меафзояд, Назарзода дар ин мулоқот аз масъалаҳои изтиробангезе, ки дар байни ҷавонон ҷой доранд таъкид кард.
"Сардори раёсат авбошӣ ва муноқишаҳои гуруҳии ҷавонон, ҷиноятҳои вазнин, риоя нагардидани талаботи Қонунҳои ҶТ "Дар бораи озодии виҷдон ва иттиҳодияҳои динӣ", "Дар бораи масъулияти падару модар дар таълиму тарбияи фарзанд", "Дар бораи танзими анъана ва ҷашну маросимҳо дар Ҷумҳурии Тоҷикистон",маърифати ҳуқуқӣ, оила ва шаҳрдорӣ, оворагардӣ ва ҷинояткории наврасон изҳори нигаронӣ кард",- гуфта мешавад дар иттилои манбаъ.
Пештар хабар дода шуд, ки дар шаҳри Душанбе дар Раёсати ВКД гурӯҳи вижае таблиғотӣ оид ба одоби шаҳрнишинӣ таъсис дода шуд.
Роҳбарияти ин ниҳод бо намояндагони раёсатҳои маориф, дин, танзими анъана ва ҷашну маросимҳрои миллӣ, кор бо занон ва оила, тандурустӣ ва ҳифзи ҷитимоӣ ва Раёсати ҷавонон ва варзиши шаҳри Душанбе, раисони кумитаи маҳаллаҳо ва ҳайати шахсии кормандзанони раёсат маҷлис доир карда, моҳияти қарори шаҳрдори Душанберо тавзеҳ медоданд.