Тоҷикистон бо Синҷияни Чин бештар тиҷорат хоҳад кард

Дар ин бора сафири Тоҷикистон дар Чин бо Раиси Ҳукумати мардумии Ноҳияи худмухтори Синҷиян Ӯйғури Ҷумҳурии Мардумии Чин мулоқот кардааст
Sputnik

ДУШАНБЕ, 30 мар — Sputnik. Сафири Тоҷикистон дар Чин Парвиз Давлатзода ба шаҳри Урумчии ноҳияи худмухтори Синҷиян Ӯйғри Ҷумҳурии Мардумии Чин сафар кардааст, хабар медиҳад равобити умумии ВУХ тоҷикистон.

Гуфта мешавад, ки дар ин сафар мулоқоти ӯ бо раиси Ҳукумати мардумии ноҳияи худмухтори Синҷиян Ӯйғури Ҷумҳурии Мардумии Чин Шуҳрат Зокир доир гардидааст.

Дар ин мулоқот доираи васеъи масъалаҳои марбут ба ҳамкориҳои дуҷонибаи Тоҷикистону Чин, аз ҷумла бо Синзяни Чин баррасӣ гардида, ҷонибҳо барои идомаи бобарори ин ҳамкориҳо дар ҳамаи самтҳо ҳавасмандӣ кардаанд.

"Тарафҳо ҷиҳати тақвияти кори Зеркомиссияи байниҳукуматӣ оид ба ҳамкориҳои иқтисодию тиҷоратии Тоҷикистон ва Ноҳияи мухтори Синҷиян Уйғур ҳавасмандӣ кардаанд", — омадааст дар хабарнома.

Пештар хабар дода шуд, ки Шамсиддин Орумбекзода вазири фарҳанги Тоҷикистон, ба муносибати 5-солагии таъсисёбии бахши тоҷикии маҷаллаи чинӣ "Пайванди қитъаҳо" бо роҳбари ҳайъати ноҳияи Мухтори Синҷиян-Уйғури Чин, ҷаноби Хизркелдӣ Абдураҳмон дидор кардааст.

Маҷаллаи "Пайванди қитъаҳо" ҳамчун ягона маҷаллаи тоҷикӣ дар Чин ва ягона маҷаллаи расмии Чин барои Тоҷикистон соли панҷум аст, ки бо забони тоҷикӣ ба табъ мерасад.