Боймамадов: олимпиада садди равониро аз кӯдакони муҳоҷирон дур мекунад

Раҳбари созмони ҷамъиятии "Нур" дар бораи суди олимпиада ба кӯдакони муҳоҷирон нақл кард
Sputnik

ДУШАНБЕ, 29 мар — Sputnik. Дирӯз, 28 март дар созмони ҷамъиятии "Нур" маросими ифтитоҳи олимпиадаи мактабӣ баргузор шуд.

Дар бахши аввали қисми дуюми олимпиада 230 мактабхон ширкат карданд. Раҳбари созмони "Нур" Алимамад Боймамадов дар бораи вазифаҳои таълимии олимпиада ва кӯмак ба кӯдакони муҳоҷирон дар Русия, дар суҳбат бо Sputnik Тоҷикистон хабар нақл кард.

Баймамадов: школьная олимпиада уберет психологический барьер для детей-мигрантов

"Барои аксари кӯдакон ба вижа кӯдакони муҳоҷирон олимпиада-як садди равонӣ, чизе дастнорас мебошад. Мо мехоҳем ҳамин саддро бардорему муносибаташонро тағйир диҳем, то ки кӯдакон аз ширкат дар чунин чорабиниҳо тарс надошта бошанд. Ин вазифаи аввалини мост. Вазифаи дуюм ин дарёфти хонандагони болаёқат, ки дар оянда бо онҳо устодони таҷрибадор дарс хоҳанд гуфт — шарҳ дод Боймамадов.

Пештар раҳбари созмони иҷтимоъии "НУР" Алимамад Боймамадов дар мусоҳиба бо Sputnik Тоҷикистон аз асару таъсиргузории мусобиқаҳои шаҳмот дар зиндагии муҳоҷирони тоҷик дар Маскав гуфт.