Маҳмуд ва Фарзон нақл карданд, ки чӣ гуна 50 касро аз оташ берун оварданд (НАВОР)

Ду шаҳрванди Тоҷикистон то охир аз маркази савдо набаромада, одамонро наҷот доданд
Sputnik

Ҷавонони тоҷик Маҳмуд Хоҷаев ва Фарзон Салимов ҳамагӣ ду ҳафта пеш ба дӯкони кафшфурӯшие дар маркази савдои "Зимняя вишня" ба кор даромада будаанд.

"Салом алейкум, номи ман Фарзон, мо дар ошёнаи дувум дар дӯкони "Одежда и обувь" кор мекардем",- нақл мекунад Фарзон.

Вақте ки сӯхтор сар зад, Фарзон дар назди дари даромадгоҳи асосӣ менишастааст.

"Ман ба зуддӣ аз ҷоям бархостам ва дидам, ки одам ин тараф ва он тараф даводав доштанд, дод мезаданд ва аллакай издиҳоми мардум ба вуҷуд омада буд. Мо худро ба даст гирифтему як дари эҳтиётиеро, ки ба воситаи дӯкони мо буд, кушода одамонро берун кардан гирифтем. Кӯшиш мекардем, ки ҳамаро берун кунем, то нафари охирон баромадан дар дӯкон будем",- нақл мекунад ин ҷавон.

Онҳо то он замоне дар дохили бино монданд, ки тамоми ошёнаи дуввумро дуди сиёҳ фаро гирифт.

"Ошёнаи дуввум аз дуди сиёҳ пур шуд. Мо ҳамаро аз ин ҷо берун кардем, касе намонд. Дар ин ҳол ба назди мо ду нафар посбони маркази савдо омаданд ва гуфтанд, ки дарҳоро баста, берун шавем. Он вақт аллакай касеро дида намешуд",- мегӯяд Маҳмуд.

Ба гуфтаи онҳо, ҳатто вақте ки ҳама ҷоро дуди сиёҳ фаро гирифт, онҳо аз дӯкон берун нашуда, интизор мешуданд, ки шояд каси дигареро наҷот медиҳанд. Аммо касе пайдо нашуд ва вақте ки ҳатто нафаскашӣ мушкил шуд, Фарзону Маҳмуд биноро тарк карданд.

Тафтисолоти бештарро аз навор тамошо кунед.