Саидҷалол Саидов соҳиби "Mercedes Benz" ва "Ҷоми Пойтахт-2018" шуд

Шоҳҷоизаи мусобиқаи куштиии миллӣ насиби паҳлавон Саидҷалол Саидов шуд
Sputnik

ДУШАНБЕ, 28 мар— Sputnik. Дар Наврӯзгоҳи шаҳри Душанбе мусобиқаи кушоди куштии миллӣ барои дарёфти "Ҷоми пойтахт-2018" баргузор гардидааст.

Ин сабқати ҷумҳуриявӣ ба муносибати ҷашни наврӯз ва бо ибтикори шаҳрдории Душанбе рӯзи 26 марти соли 2018 дар Наврӯзгоҳи пойтахт баргузор шудааст.

Сармураббии мунтахаби футболи Тоҷикистон узрхоҳӣ карду истеъфо дод

Дар мусобиқа варзишгарон дар ҳайати 10 даста, аз ҷумла "Душанбе-1", "Душанбе-2", "Хатлон-1", "Хатлон-2", "Суғд-1", "Суғд-2", инчунин дастаҳои Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон, шаҳру ноҳияҳои тобеи марказ ва ноҳияи Рашт дар шаш вазн — 60, 70, 80, 90, 100 ва беш аз 100 кило байни ҳам қувва озмуданд.

Паҳлавонон Сорбон Латифов дар вазни 60, Орифҷон Додов дар вазни 70, Акмал Муродов дар вазни 80 ва Ҳоҷимашраб Раҳмонов дар вазни 90 кило бар рақибонашон ғолиб омада, сазовори медали тилло ва "Ҷоми пойтахт —2018" шудаанд.

Шоҳҷоизаи мусобиқаро паҳлавон Саидҷалол Саидов ба даст овард. Мавсуф дар вазни беш аз 100 кило бар ҳамаи ҳарифонаш ғолиб омада, соҳиби автомобили тамғаи "Mercedes Benz" ва "Ҷоми пойтахт-2018" гардид.

Саидоа дар вазни беш аз 100 кило бар ҳамаи ҳарифонаш ғолиб омада, соҳиби автомобили тамғаи "Mercedes Benz" ва "Ҷоми пойтахт-2018" гардидааст.

1 / 3
Награждение борцов в куштигири в Душанебе
2 / 3
Соревнование куштигири в Душанбе
3 / 3
Победитель в борьбе куштигири Саиджалол Саидов