Шикаст аламовар аст: футболбозони тоҷик бо рақибонашон задухурд карданд

Бозигарони мунтахаби милkии футболи Тоҷикистон дар бозии даври охирини марҳилаи интихобии Ҷоми Осиё-2019 бо дастаи Филиппин дар майдони футбол задухурд карданд
Sputnik

ДУШАНБЕ, 28 мар — Sputnik. Тими Тоҷикистон аз дастаи Филиппин бо ҳисоби 2:1 мағлуб шуду аз ширкат дар давраҳои ниҳоии Ҷоми Осиё-2019 маҳрум гардид.

Ҳамин тавр дастаи мунтахаби миллии Тоҷикистон пас аз ин бохт аз ширкат дар даври ниҳоии сабқати Ҷоми Осиё-2019 маҳрум шуд. Ба тимии мунтахаби Тоҷикистон дар ин бозӣ фақат пирӯзӣ лозим буд.

Бозие, ки дар Манила сурат гирифт, тоҷикистониён маҳорати хуб нишон доданд, аммо муваффақият насиби дастаи рақибонашон шуд. Бозигарони мунтахаби Тоҷикистон, ки ғамгин шуда буданд, ба ҷанҷол даромаданд. Дар дақиқаҳои охирини бозӣ бозигарон ба муноқиша бархостанд. Ҷанҷол чанд дақиқа давом кард-доварон тавонистанд муноқишаро поён диҳанд ва чанде аз бозигаронро ҳам корти сурхдор кунанд.

Қайд мекунем, ки бозигарони дастаи Филиппин дар гурӯҳи худ пешсаф буданд ва ҷойгоҳашонро дар бозӣ бо Тоҷикистон аз даст надоданд.

Сармураббии мунтахаби миллии Тоҷикистон Ҳаким Фузайлов пас аз бохт дар бозии даври охирини марҳилаи интихобии Ҷоми Осиё-2019 ба тими миллии Филиппин бо ҳисоби 1:2 ва маҳрум шудан аз ҳаққи ширкат дар қисми ниҳоии мусобиқа, истеъфо дод.