Сармураббии мунтахаби футболи Тоҷикистон узрхоҳӣ карду истеъфо дод

Сармураббии тими мунтахаби миллии футболи Тоҷикистон Ҳаким Фузайлов пас аз бохт дар бозии даври охирини марҳилаи интихобии Ҷоми Осиё-2019 узрхоҳӣ карду истеъфо дод
Sputnik

ДУШАНБЕ, 28 мар — Sputnik. Сармураббии мунтахаби миллии Тоҷикистон Ҳаким Фузайлов пас аз бохт дар бозии даври охирини марҳилаи интихобии Ҷоми Осиё-2019 ба тими миллии Филиппин бо ҳисоби 1:2 ва маҳрум шудан аз ҳаққи ширкат дар қисми ниҳоии мусобиқа, истеъфо дод, хабар медиҳад ФФТ.

"Пеш аз ҳама, ман мехостам аз ҳамаи мухлисони мунтахаби Тоҷикистон, ки дастаро дар ҷараёни мусобиқаи интихобӣ дастгирӣ карданд, узр пурсам. Мутаассифона, натиҷа ғайриқаноатбахш аст. Мо натавонистем, ки ба қисми ниҳоии мусобиқа роҳ ёбем. Ман тамоми масъулиятро барои натиҷаи манфӣ ба зиммаи худ мегирам ва аз вазифаам истеъфо медиҳам", — гуфтааст Ҳаким Фузайлов.

Фузайлов раҳбарияти Федератсияи футболи Тоҷикистон барои муҳайё намудани шароит барои кор ва омодагӣ ба мусобиқаи интихобии Ҷоми Осиё-2019 изҳори сипос намудааст.

Cармураббии ҷадиди мунтахаби Тоҷикистон, Ҳаким Фузайлов таъин гардид

"Дар он замоне ки ман сарвари дастаи мунтахаб будам, ҳамаи шартҳо — ҷамъомадҳои хориҷӣ, бозиҳои дӯстона – иҷро шуданд. Ҳама ба дараҷаи олӣ буд. Ташаккур барои ҳамкорӣ бо ФФТ ва бори дигар аз ҳамаи мухлисон маъзарат мехоҳам, ки интизории онҳоро ба ҷо оварда натавонистам. Хеле мутаассифам, ки ман вазифаи гузошташударо иҷро карда натавонистам".

Ҳаким Фузайлов дар идома гуфтааст, "аз аҳли ҷомеа хоҳиш дорам таваҷҷуҳро ба бозигарон сахт равона накунанд, барои хатоҳо сармураббиро сарзаниш намоянд. Бар инам, ки мунтахаби Тоҷикистон барои ба қисми ниҳоии Ҷоми Осиё баромадан арзанда буд, вале ин тавр нашуд, ба мо як ғалаба нарасид.

Ба мунтахаби Тоҷикистон дар сикли оянда комёбиҳо орзу мекунам. Ба раҳбарияти Федератсияи футболи Тоҷикистон низ, ки барои рушди футбол дар кишвар хеле корҳои зиёд мекунад, муваффақиятҳо орзумандам."

Бозии ҳалкунандаи  Ҷоми Осиё-2019 миёни тимҳои миллии Филиппин ва Тоҷикистон рӯзи сешанбе, 27-уми март, дар шаҳри Манила, дар Варзишгоҳи ба номи Хосе Ризал, баргузор шуд.

дар ин бозӣ тими Тоҷикистон аз рақибонаш бо ҳисоби 2:1 мағлуб шуду аз ширкат дар давраҳои ниҳоии Ҷоми Осиё-2019 маҳрум гардид.