Рамзӣ Шамиров: куштӣ дар Русия яке аз мардумписандтарин варзишҳост

Рамзӣ Шамиров, нахустин довари байналмилалии ҷудо аз Тоҷикистон, мегӯяд, ки куштии тоҷикӣ фаротар аз марзҳои кишвар низ мардумписанд шудааст
Sputnik

ДУШАНБЕ, 28 мар — Sputnik. Намоишгоҳи дастовардҳои иқтисодиву кишоварзии Русия дар шаҳри Маскав чанде пеш "Наврӯзгоҳ" шуда буд. Ҳазорон кас дар ҷашни Наврӯз ширкат карданду дар канори базму бозӣ ва палавхӯрӣ разму пайкори варзишкоронро низ тамошо карданд. Яке аз пурбинандатарин мусобиқаҳо дар ин ҷашн зӯрозмоии куштигирон буд.

Дар ҳошияи ин ҷашн Sputnik Тоҷикистон бо Рамзӣ Шамиров, дорандаи панҷумин дараҷа дар варзиши ҷудо, довари мусобиқаҳои байналмилалӣ ва олимпӣ, ки зӯрозмоии куштигиронро дар мусобиқоти наврӯзӣ доварӣ мекард, дар бораи ҳунари куштигирӣ ва дурнамои густариши куштӣ гуфтугӯ кард.

Торихи варзиш дар як навор: аз замонҳои қадим то имрӯз

-Ҷашни Наврӯзро дар Маскав чигуна дарёфтед?

— Бисёр хушам омад. Бавижа аз бахши варзишии ҷашн хушам омад, ки бисёр тамошобин дошт ва онҳо барои ҳар куштигир бо ҳаяҷон ҳаводорӣ мекарданд.

-Ҷолиб буд, ки дар миёни тамошобинон на танҳо тоҷикон, балки намояндагони дигар мардуму кишварҳо низ бисёр буданд.

— Дар воқеъ, ин таваҷҷуҳ ба куштӣ чандон шигифтовар нест. Чунончи, чанде пеш дар яке мусобиқаҳо дар Маскав бисёре аз ҷоизаҳоро куштигирони рус бурданд. Ман аз онҳо пурсидам, ки оё куштӣ, ки варзиши миллии шумо нест, бароятон куштӣ гирифтан мушкил нест? Гуфтанд, ки мо чун ҷудокор ҳастем, бо равишҳои куштӣ ҳам ошноӣ дорем. Аз ин рӯ, метавон гуфт, ки куштӣ барои намояндагони дигар миллатҳо маҳдудияте намегузорад ва ҳар касе, ки бихоҳад, метавонад куштиро ёд бигирад.

-Аммо оё куштӣ барои тоҷикон варзиш аст ё фаротар аз варзиш ва ҳунаре миллӣ?

— Куштӣ барои тоҷикон ҳам варзиш аст ва ҳам ҳунар. Бисёре аз ҷавонон куштигириро пеша интихоб мекунанд. Ман дар Помир зодаву бузург шудаам ва дар он вилоят ҳар писаре аз кӯдакӣ куштигир мешавад, зеро дар Тоҷикистон ҳеч базму шодӣ бе куштигирӣ намегузарад.

Аммо ин нуктаро ҳам бояд ёдоварӣ кард, ки куштӣ дар ториху фарҳанги мо пешинаи бисёр куҳане дорад. Масалан, варзиши ҷудо дар соли 1882 падид оварда шудааст, вале куштӣ аз куҳантарин замонҳо боз вуҷуд дорад. "Шоҳнома", ки торихи моро аз даврони бостон то садаҳои миёна бозгӯӣ мекунад, пур аз ёдкард аз куштиву паҳлавонӣ аст. Куштии тоҷикӣ ҳамчунин бар ҳунарҳои размии дигар ҳамсояҳои наздику дури тоҷикон низ асару таъсир гузоштааст. Чунончи, кураши узбакӣ аз куштӣ бисёр асару таъсир пазируфтааст. Куштӣ аз он рӯ мардумписанд аст, ки зӯрозмоие шаффоф аст ва қоидаҳояш содаву дақиқу зудёб ҳастанд.

Рамзи Шамиров и Комроншох Устопириён

-Куштии тоҷикӣ чи тавофутҳое бо ҷудо дорад?

— Ин ду ҳунару варзиш бештарин тафовутро дар фунуни хок ё партер доранд. Чунончи, дар варзиши ҷудо ҳарифро метавон маҳор ё беҳуш кард ва ё дасту пояшро тоб дод, вале дар куштӣ чунин фунуне ба кор намераванд. Дигар тафовутҳо низ доранд, вале монандиҳо бештар ҳастанд. Чунончи, камобеш 80 дарсад аз фунуну равишҳои кушитиро метавон дар ҷудо ҳам ба кор бурд. Фунуни партобии дасту камару по дар куштӣ ва ҷудо амалан яксон ҳастанд.

Ҳамин монандиҳо ва ҳамсониҳо далел мешаванд, ки куштигироне, ки мехоҳанд дар мусобиқаҳои байналмилалӣ ширкат кардаву дастоварде дошта бошанд, ба варзиши ҷудо рӯ меоранд. Ҳамчунин ҷудокорони номдоре ҳам ҳастанд, ки рӯ ба куштӣ овардаанд. Афзун бар ин, омӯзишгоҳҳои куштии Тоҷикистон ва Узбакистон ҳам дар пешбурди ин ҳунари варзишӣ бисёр пешрафт кардаанд.

-Оё куштии тоҷикӣ метавонад фаротар аз марзҳои Тоҷикистон ҳам густариш ёбад?

— Бале, куштии тоҷикӣ дурнамои фарохе барои густариш дорад, ҳарчанд варзиши олимпӣ нахоҳад шуд. Вале метавон дар Тоҷикистон қаҳрамонии куштии Осиёро баргузор кард.

Ниёзе нест, ки аз шуҳрату эътибори куштӣ дар Тоҷикистон ёд кунам, зеро куштӣ ҳамеша дар миёни мардум маҳбуб буда ва ин маҳбубият бештар аз пеш ҳам мешавад. Дар Қирғизистон ва Узбакистон низ куштии тоҷикӣ бисёр маҳбуб аст. Дар Тоҷикистон агар ҷашни бузурге чун Наврӯз ё Рӯзи истиқлол баргузор шавад, барои тамошои куштӣ беш аз 20 ҳазор кас ҷамъ мешавад. Тасаввур мекунед, ки ин рақам баробар бо гунҷоиши як варзишгоҳи футбол аст?!

Куштиро дар Русия созмонҳои муҳоҷирони тоҷик бисёр хуб густариш медиҳанд. Чунончи, созмони "Нур" бахши варзишие дорад, ки ҷавононро бо варзишҳои куштӣ ва ҷудо фаро мегирад.

-Шумо, ки дар варзиш ба қуллаҳое расидаед, чи роҳу равишеро барои густардани варзиш дар миёни ҷавонон пешниҳод мекунед?

— Ба назарам, бояд аз хурдсолӣ варзиш кард. Ман зуд-зуд ба Ҷопон меравам ва мебинам, ки онҷо кӯдакон аз сесолагӣ ҷудо варзиш мекунанд. Аз ин рӯ, ман хостори он ҳастам, ки кӯдаконро аз хурдӣ варзиш диҳем. Муҳим ҳам нест, ки куштӣ ё ҷудо варзиш кунанд, муҳим ин аст, ки варзиш кунанд ва саломаташонро нигаҳ доранду беҳбуд бахшанд. Зеро, чуноне ки мегӯянд, кӯдакони саломат дар оянда миллати саломатро падид меоваранд!