Раҳмон номи Лоиқ Шералиро бар Маҷмааи навбунёди Панҷиканд гузошт

Раисҷумҳур дар Панҷиканд Маҷмааи фарҳангию эҷодии бузургеро ба истифода дод
Sputnik

ДУШАНБЕ, 28 мар — Sputnik. Тавре дафтари матбуотии раисҷумҳури Тоҷикистон гузориш медиҳад,  дар маросими ифтитоҳи ин маҷмаа Эмомалӣ Раҳмон аз рӯи муҷассамаи Шоири халқии Тоҷикистон Лоиқ Шералӣ парда бардошта, дар пояи он гулчамбар гузошт.

Бино бар иттилои манбаъ, муҷассамаро пайкарсозон Рустам Маҷидов ва Мансур Ҳоҷибоев сохтаанд.

Баландии муҷассама 6,3 ва паҳноиаш 6 метрро ташкил медиҳад. Барои таҷдиди гулгашт ва бунёди муҷассама дар ин майдон аз ҳисоби мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Суғд наздики 1 млн. 400 ҳазор сомонӣ ҷудо гардида, он ба беҳтарин мавзеи истироҳату фароғат ва сайру саёҳати сокинону меҳмонони шаҳр табдил дода шудааст.

Тандиси устод Лоиқ Шералӣ дар Панҷиканд навсозӣ мешавад

Масоҳати умумии гулгашти назди Маҷмааи фарҳангию эҷодӣ 3091 метри мураббаъро ташкил медиҳад. Лоиҳаи майдони мазкур аз ҷониби КВД "Лоиҳакаш" дар вилояти Суғд тарҳрезӣ шуда, пудратчиён ҶДММ "СУ-3" ва ҶДММ "Само" мебошанд.

 Муҷассама бо истифода аз метали ранга сохта шуда, таҳкурсӣ ва атрофи он бо санги хоро оро дода шудааст. Дар атрофи муҷассама 4 фаввораи замонавӣ бунёд гардида, ҳамчунин гулҳои ранга ва дарахтони ҳамешасабзи ороишӣ шинонида шудааст.

Бинои Маҷмааи фарҳангию эҷодӣ дар маркази шаҳри Панҷиканд қомат афрохта, намои берунаи он бо истифода аз нақшу нигори миллӣ ороиш ёфтааст. Барои анҷоми корҳои сохтмонӣ давоми як сол беш аз 250 нафар бо ҷойи кор таъмин гардидаанд.

Иншоот аз таҳхона ва 5 ошёна иборат буда, он дорои як толори бузург бо 436 ҷойи нишаст, китобхона, маҷлисгоҳ, қаҳвахона, кинотеатр, толори варзишӣ ва утоқҳои корӣ мебошад. Дар Маҷмааи фарҳангию эҷодӣ инчунин маҳфилҳои гуногун барои омӯзиш ва такмили ҳунару маҳорати ҷавонону наврасон ташкил гардидааст.

Тоҷикон наздиктар шуданд: Гузаргоҳи марзӣ байни Панҷиканд ва Самарқанд боз шуд

Ғайр аз ин дар ин макон барои телевизион ва рӯзномаву маҷаллаҳои маҳаллӣ, инчунин дигар ташкилоту идораҳо утоқҳои корӣ ҷудо карда шудааст.

Дар даромадгоҳи бино ба  Эмомалӣ Раҳмон фаъолияти 16 ширкати сайёҳӣ аз шаҳри Панҷиканд ва дигар шаҳру ноҳияҳои вилояти Суғд, мавзеъҳои сайёҳии водии Зарафшон  муаррифӣ гардид.

Дар намоишгоҳ харитаи сайёҳии шаҳри Панҷиканд, кӯҳҳои Фон, мавзеъҳои таърихию фарҳангӣ ва манзараҳои зебои Зарафшон дар қолаб ва пояҳои ягона ба маъраз гузошта шудаанд. Аз ҷониби ҷавондухтарон ба таври рамзӣ композитсияи бадеии Ҳафткӯл-Ҳафт нозанин намоиш дода шуд.

Эмомалӣ Раҳмон барои таҷлили Наврӯз ба Панҷиканд рафт

Дар Маҷмааи фарҳангию эҷодӣ маҳфилҳои "Сайёҳӣ-кишваршиносӣ", "Омӯзиши забонҳои русӣ ва англисӣ", "Санъати тасвирӣ", "Зардӯзию армуғонсозӣ", "Адрасбофӣ ва қолинбофӣ", "Сӯзанидӯзӣ ва қуроқдӯзӣ" ва ҳамчунин китобхона ташкил карда шудааст. Баробари мавриди баҳрабардорӣ қарор гирифтани Маҷмааи фарҳангию эҷодӣ дар шаҳри Панҷиканд барои 150 нафар ҷойи корӣ муҳайё гардид.

Баъди тамошои Маҷмаа ва фаъолияти маҳфилҳо дар толори калони ин Кохи боҳашамат дар ҳузури раисҷумҳур барномаи мукаммали фарҳангӣ бо фарогирии композитсияи адабӣ-мусиқии "Ёди бузургон", суруду таронаҳои наврӯзӣ ва рақсҳои ҷолиби диққат намоиш дода шуд.

Сипас Эмомалӣ Раҳмон бо ҷавонон суҳбати самимӣ ороста, пешниҳод намуд, ки ин Маҷмаа ба номи Лоиқ Шералӣ гузошта шавад.