Эмомалӣ Раҳмон барои таҷлили Наврӯз ба Панҷиканд рафт

Дар назар аст, ки раисҷумҳур дар маросими ифтитоҳи як қатор иншоотҳои ҷашнӣ ширкат меварзад
Sputnik

ДУШАНБЕ, 28 мар — Sputnik. Тавре дафтари матбуотии раисҷумҳури Тоҷикистон гузориш медиҳад, имрӯз кишвардори Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон барои таҷлили Наврӯзи  ба шаҳри Панҷиканд сафар кард.

Тавре манбаъ меафзояд, раисҷумҳур дар рафти сафараш ба ин шаҳри вилояти Суғд, ҳамчунин дар маросими ифтитоҳи як қатор иншоотҳо ширкат меварзад ва бо вазъи рӯзгори мардум шинос мешавад.

"Сарвари давлатро дар фурудгоҳи шаҳр мардуми меҳнатқарини шаҳри Панҷиканд бо самимияти хоса ва муҳаббати беандоза истиқбол гирифтанд",-гуфта мешавад дар иттилои манбаъ.

Нахуствазир барои омода кардани вилоят ба қабули раисҷумҳур ба Суғд рафт

Ёдрас мешавем, пештар эълом карда шуд, ки имсол Наврӯзи ҷумҳуриявӣ дар Панҷиканд бо ширкати раисҷумҳур баргузор мешавад.

Рӯзи гузашта ҳайъати меҳмонон аз вилояти Самарқанди Узбакистон барои ширкат дар барномаи наврӯзӣ вориди вилояти Суғд шуданд.