Муовини раиси вилоят назди мардуми Кемерово зону зада барои сӯхтор бахшиш хост

Муовини раиси вилояти Кемерово Сергей Сивилев аз мардуми вилоят, ки барои гиромидошти ёди қурбониёни сӯхтори фурӯшгоҳи "Зимняя вишня" дар Кемерово гирдиҳамоӣ кардаанд, зону зада пӯзиш хост
Sputnik

ДУШАНБЕ, 27 мар — Sputnik. Садҳо кас аз мардуми Кемерово барои гиромидошти ёди 64 қурбонии сӯхтор дар фурӯшгоҳи занҷираии "Зимняя вишня" дар майдони марказии шаҳр гирдиҳамоӣ кардаанд.

Мардум ҳафт соат дар майдон истоданд ва шаҳрдорӣ аз гирдиҳамомадагон дархост кард хона ба хона раванд, аммо мардум ин дархостро бо ғулғула рад кард, хабар медиҳад гузоришгари РИА Новости аз Кемерово.

Шаҳрдорӣ афзорҳои баландгӯеро, ки дар ихтиёри мардум гузошта буд, хомӯш кард. Аммо Сивилиев, ки намедонист баландгӯҳо хомӯш шудаанд, микрофонро ба даст гирифту хост сухан гӯяд, вале чун дид, ки он кор намекунад, суханашро бе баландгӯ идома дод.

"Мехоҳам аз ҳамагон пӯзиш бихоҳам", — гуфт муовини раиси вилоят ва ба зону нишаст. Мардум чунин рафторро интизор надошт.

Сивилев бархосту гуфт: Русҳо аз қадим боз зону мезананд то аз мардум пӯзиш бихоҳанд". Гирдиҳамомадагон ин пӯзишхоҳии ӯро бо кафкӯбӣ пазируфтанд.

Пас аз ин мардум кам-кам хона ба хона рафтанд ва акнун дар майдон чандсад кас мондааст.

Вице-губернатор Кемеровской области Сергей Цивилев на коленях попросил у кемеровчан прощения за "Зимнюю вишню"

Пеш аз ин раисҷумҳур Владимир Путин барои баррасии ин сӯхтор ба шаҳри Кемерово рафт. Вай "саҳангории муҷримона"-ро омили аслии ин сӯхтор донисту гуфт "чунин вазъият бахшишнопазир аст" ва дастур дод масъулони сӯхтор шиносоӣ ва муҷозот шаванд.

Раисҷумҳур ҳамчунин назди харобаҳои фурӯшгоҳи "Зимняя вишня" гул гузошт ва осебдидаҳо аз сӯхторро дар бемористон аёдат кард.

Вай дар дидор бо бозмондагони қурбониён гуфт, ки раҳбарони вилоят ва шаҳр ҳатман дар ин бора посух хоҳанд гуфт ва нисбаташон шадидан чораҷӯӣ хоҳад шуд.