ДУШАНБЕ, 27 мар — Sputnik. Ҷониби Тоҷикистон ба"Уральские авиалинии" иҷоза дод, ки ширкат аз шаҳри Екатеринбургба Хуҷанд ва Душанбе парвоз анҷом диҳад.
Пештар хабар дода шуд, ки мусофирони парвози Екатеринбург-Хуҷанд ва Екатеринбург-Душанбе беш аз 13 соат аст, ки ҳавопаймои худро мунтазиранд.
Вазорати нақлиёти Тоҷикистон бо сабаби он, ки мусофирон аллакай билетҳои ширкатро харидорӣ кардаанд, ба ду парвози "Уральские авиалинии" иҷоза дод.
"Ҳамин тавр, парвозҳои мазкур — парвози кироя мешаванд. Ҳоло маълум нест, ки дар ин масир дар оянда парвозҳо чӣ гуна сурат мегирад. Аз гуфтушуниди ҷонибҳо маълум мешавад. Ҳоло ҷониби Тоҷикистон аз Русия талаб дорад, ки парвозҳо баробар анҷом дода шаванд. Бо ҳамин сабаб шояд шумораи парвозҳои "Уральские авиалинии" камтар шаванд",- гуфтааст намояндаи ширкати "Уральские авиалинии" дар Тоҷикистон Умедҷон Лолаев.
Пештар хабар дода шуд, ки қариб масири ҳамаи парвозҳои ширкатҳои ҳавопаймоии Русия ба Тоҷикистон тағйир ёфтаанд. Ҳамин тавр роҳи ҳавоӣ ба Маскав, Санкт-Петербург, Екатеринбург, Сургут, Самара, Новосибиркс, Красноярск, Иркутск, Қазон ва Оренбург дарозтар шуданд.
Чораҳои ҷавобии ҳукумати Тоҷикистон пас аз тағйир додани масири парвози ширкатҳои "Сомон Эйр" ва "Тоҷик Эйр" аз ҷониби ҳукумати Русия, ки роҳи парвозро дарозтар мекард, қабул шудааст. Қариб масири ҳамаи парвозҳои ширкатҳои ҳавопаймоии Русия тағйир ёфт. Ҳамин тавр роҳи ҳавоӣ ба Маскав, Санкт-Петербург, Екатеринбург, Сургут, Самара, Новосибиркс, Красноярск, Иркутск, Қазон ва Оренбург дарозтар шуданд.
Чанде пеш Тоҷикистон гуфта буд, барои гуфтушунид бо намояндагони ширкатҳои ҳавоии Русия баъди ҷашни Наврӯз омодагӣ мебинад.