ДУШАНБЕ, 27 мар — Sputnik. Кишвардори Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон бо Президенти Ҷумҳурии Полша Анҷей Себастян Дуда мулоқот кард, хабар медиҳад дафтари матбуотии раисҷумҳури Тоҷикистон.
Гуфта мешавад, Анҷей Себастян Дудаки дар роҳи бозгашт аз Афғонистон дар фурудгоҳи байналмилалии Душанбе таваққуфи кутоҳи транзитӣ кард ва бо раисҷумҳури Тоҷикистон дидор кард.
"Сарони ду давлат муносибатҳои Тоҷикистону Полшаро баррасӣ карда, оид ба баъзе масъалаҳои мубрами минтақавию байналмилалӣ табодули андеша намуданд.
Президенти Ҷумҳурии Полша Андрей Дуда ба Сарвари давлати мо барои пазироии гарм изҳори сипос карда, ба мардуми Тоҷикистон сулҳу субот ва шукуфоии минбаъдаро орзу кард",- гуфта мешавад дар иттилои манбаъ.
Пештар Эмомалӣ Раҳмон аз бадтар шудани вазъ дар Афғонистон нигаронӣ карда буд.
Раисҷумҳури Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар мусоҳиба бо хабрнигори телевизиюни СММ аз бадтар шудани авзоъи низомӣ-сиёсии Афғонистон нигаронӣ кард.
Раҳбари Тоҷикистон бо ишора ба тағйири вазъ дар Афғонистон дар даҳсолаи ахир гуфта, ки танҳо бо равишҳои низомӣ наметавон теруризму ифротгароиро решакан кард. Имрӯз бояд омилҳои иҷтимоъӣ ва иқтисодӣ дар мубориза бо ин падидаҳо ба кор гирифта шаванд, афзуд вай.