Эмомалӣ Раҳмон аз бадтар шудани вазъ дар Афғонистон нигаронӣ кард

Раисҷумҳури Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар мусоҳиба бо хабрнигори телевизиюни СММ аз бадтар шудани авзоъи низомӣ-сиёсии Афғонистон нигаронӣ кард
Sputnik

ДУШАНБЕ, 26 мар — Sputnik. Раисҷумҳур Раҳмон дар ин мусоҳиба таъкид кардааст, ки барои таъмини амният ва субот дар минтақаӣ, аз ҷумла, барои мубориза бо қочоқи маводди мухаддир, кишварҳои минтақа бояд иқдомоти муштарак анҷом диҳанд, гуфтааст Дафтари иттилоърасонии раисҷумҳури Тоҷикистон.

Раҳбари Тоҷикистон бо ишора ба тағйири вазъ дар Афғонистон дар даҳсолаи ахир гуфта, ки танҳо бо равишҳои низомӣ наметавон теруризму ифротгароиро решакан кард. Имрӯз бояд омилҳои иҷтимоъӣ ва иқтисодӣ дар мубориза бо ин падидаҳо ба кор гирифта шаванд, афзуд вай.

"Бидуни таъмини амният, рушди соҳаи иқтисодию иҷтимоии Афғонистон ва мутаносибан ҳалли масъалаҳои ҳамгироии минбаъдаи минтақаӣ, ки ҷавобгӯи манфиатҳои умумии моянд, имконнопазир аст. Дар ин росто, ҳамкории минтақавӣ унсури муҳими таҳкими субот дар Афғонистон ва минтақа мебошад", — ёдоварӣ кард Раҳмон.

Раҳмон: Тоҷикистон бо барқрасонӣ дар бозсозии Афғонистон мушорикат мекунад

Вай таъкид кард, ки Тоҷикистон аз кӯшишҳои ҷомеъаи ҷаҳонӣ ва мардуми Афғонистон барои ҳалли ҳамаҷонибаи мушкили ин кишвар пуштибонӣ мекунад.

Раҳмон таъкид кард, "Тоҷикистон дар чорчӯби фаъолияти муштараки ҷомеъаи ҷаҳонӣ дар Афғонистон дар оянда низ саҳми ъамалии худро хоҳад дошт, аз ҷумла, дар умури рушди иҷтимоъӣ-иқтисодӣ. Ба ақидаи мо раванди ваҳдати миллӣ дар ин кишвар танҳо вақте муяссар хоҳад гашт, ки раванди сулҳсозӣ бедиранг идома ёбад".

Вай ҳамчунин афзуд, ки Тоҷикистон имрӯз ба Афғонистон нерӯи барқ, маводи сохтмонӣ, маҳсулоти кишоварзӣ, маводи хӯрокӣ ва нуриҳои маъданӣ содир мекунад.

Раисҷумҳури ҶТ афзуд, "Мо пешниҳод мекунем, ки ба масоъили таҳсилот ва омодасозии кодрҳои миллӣ таваҷҷӯҳи вижа дода шавад, чун, ин ъомили муҳимми таъмини сулҳ, субот ва рушди иқтисодии Афғонистон аст. Ташдиди баъдии низоҳо дар Афғонистон барои ин кишвар ва кулли минтақа пайомадҳои хеле бад хоҳанд овард. Ба ин далел барои дастёбӣ ба сулҳу субот дар Афғонисто бояд барномаи роҳбурдии ҳамаҷониба асосдоштае таҳия гардад".