ДУШАНБЕ, 26 мар — Sputnik. Раисҷумҳури Тоҷикистон дар тантанаҳои Наврӯзии Душанбе, ки дар Наврӯзгоҳ баргузор шуд, ширкат карда мардуми Тоҷикистонро бо ин ҷашн табрик гуфтааст, хабар медиҳад хадамоти матбуотии раисҷумҳури Тоҷикистон.
Раисҷумҳури Тоҷикистон гуфтааст, ки Наврӯзи имсола ҷашни таърихӣ мебошад.
"Дар рӯзи ин ҷашни бостонӣ ва рӯзи ҷаҳонии об Маҷмаи умумии Созмони Милали Муттаҳид дар ҷаласаи махсуси худ Даҳсолаи байналмилалии амал "Об барои рушди устувор, солҳои 2018-2028"-ро расман оғоз бахшид".
Эмомалӣ раҳмон ин рухдодро мояи ифтихори кулли мардуми Тоҷикистон номида мардумро ба сариштакорӣ даъват кардааст.
"Мехоҳам хотирнишон созам, ки ҳарчанд мо дар саргаҳи обҳои мусаффо қарор дорем, бояд ба шукронаи ин неъмати бузурги табиат ҳамеша сариштакор бошем ва аз захираҳои об оқилонаву сарфакорона истифода намоем", — гуфтааст раисҷумҳур.
Нақши калидии Душанбе
Шаҳри Душанбе ҳамчун маркази сиёсии давлати соҳибистиқлоли тоҷикон дар рушди фарҳанги миллӣ ва таҳкими маънавиёти ҷомеа нақши калидӣ дорад.
Ҳамзамон бо ин, сокинони пойтахти кишвари азизамон дар таҳкими давлатдории миллӣ нақши арзишманд бозида, дастовардҳои Ватани маҳбубамонро дар арсаи байналмилалӣ ба таври шоиста муаррифӣ мекунанд.
Итминон дорам, ки сокинони пойтахт минбаъд низ барои татбиқи барномаҳои қабулкардаи Ҳукумати мамлакат, аз ҷумла ба хотири амалӣ гардонидани нақшаи чорабиниҳои вобаста ба "Соли рушди сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ" саҳми арзишманду ватандӯстонаи худро мегузоранд.
Имрӯз пойтахти кишварамон ба маркази тарғиби ҳунарҳои мардумӣ ва дастгириву рушди суннату ойинҳои бостонии халқамон табдил ёфтааст.
Дар ин шаҳри зебо мунтазам озмунҳои гуногун ва намоиши ҳунарҳои мардумӣ баргузор мешаванд, ки дар онҳо намунаҳои ҳунарҳои мухталифи халқӣ аз шаҳру ноҳияҳои мамлакат ба намоиш гузошта мешаванд.
Мехоҳам бо қаноатмандӣ изҳор намоям, ки ин иқдоми хуб, хусусан, дар давраи омодагӣ ба наврӯзи имсола ва рӯзҳои таҷлили он густаришу вусъати бештар пайдо кард.
Итминон дорам, ки кулли мардуми кишвар, аз ҷумла сокинони бонангу номуси шаҳри Душанбе бо шукронаи соҳибихтиёриву соҳибватанӣ, сулҳу оромӣ, суботи сиёсӣ ва ваҳдати миллӣ дар оянда низ ба хотири таҳкими иқтидори иқтисодии давлатамон, ободиву пешрафти Ватани маҳбубамон, рӯзгори боз ҳам осудаи ҳар як оилаи Тоҷикистони азизамон бо ҳисси баланди милливу ватандорӣ саъю талош хоҳанд кард, гуфтааст Эмомалӣ Раҳмон.
"Кулли мардуми шарифи Тоҷикистон ва ҳамаи сокинони пойтахтро ба ифтихори Наврӯз — ҷашни бузурги миллӣ ва Соли нави аҷдодиамон табрик гуфта, ба ҳар яки шумо тандурустиву сарбаландӣ, иқболи нек ва рӯзгори пурфайз орзу менамоям".