Раисҷумҳури Эрон аз Туркманистон боздид мекунад

Тибқи иттилои роҳбари Туркманистон, бахшҳои ояндадори ҳамкориҳо бо Эрон соҳаҳои тиҷорию иқтисодӣ ва ҳамлу нақл мебошанд
Sputnik

ДУШАНБЕ, 25 мар — Sputnik. Раисҷумҳури Эрон Ҳасани Рӯҳонӣ 27-28 март бо сафари расмӣ озими Туркманистон хоҳад шуд, иттилоъ дод телевизиони Туркманистон.

Масоили сафари давлатии роҳбари Эрон ҳангоми ҷаласаи ҳукуматӣ дар Ашқобод баррасӣ шуд.

Раисҷумҳури Эрон Наврӯзро ба давлат ва миллати Тоҷикистон табрик гуфт

Тавре, ки дар ҷаласа муовини сарвазир ва вазири корҳои хориҷии Туркманистон Рашид Мередов иброз дошт, таи солҳои охир пойгоҳи меъёрӣ-ҳуқуқии ҳамкориҳои байнидавлатии Туркманистону Эрон бунёд ёфтааст, ки заминае барои густариши робитаҳои судманди тиҷориву иқтисодӣ ва пайвастҳо дар соҳаи башардӯстона мебошад.

Мередов қайд кард, ки дар натиҷаи музокироти дуҷонибаи навбатии сатҳи олӣ, як қатор ҳуҷҷатҳои муҳим ба имзо хоҳанд расид.

Раисҷумҳури Туркманистон дар робита ба ин таъкид намуд, ки яке аз самтҳои асосии сиёсати хориҷии Туркманистони бетараф, рушди муносиботи созанда бо кишварҳои ҳамсоя, аз ҷумла бо Ҷумҳурии Исломии Эрон, аст.

Сарвари давлат хусусияти динамикии муколамаи байни ду кишварро, ки бар асоси анъанаҳои бисёрасраи дӯстӣ ва равобити таърихиву фарҳангӣ асос ёфтааст, хотирнишон сохт.

Ба андешаи роҳбари Туркманистон, бахшҳои ояндадори ҳамкорҳои дуҷониба соҳаҳои тиҷорию иқтисодӣ ва ҳамлу нақл ба шумор мераванд.