Мақолаи Эмомалӣ Раҳмонро дар Амрико мунташир карданд

Дар ин мақола Эмомалӣ Раҳмон аз ҳадафҳо ва зарурати пешниҳоди Даҳсолаи нави байналмилалии амал "Об барои рушди устувор, солҳои 2018 - 2028", таҳияи тадбирҳо ва натиҷаҳои ташаббусҳои қаблии ҷониби Тоҷикистон пешниҳодҳои асоснокро ба миён гузоштааст
Sputnik

ДУШАНБЕ, 24 мар — Sputnik. Дар ҳошияи иҷлосияи 72-юми Маҷмаи Умумии Созмони Милали Муттаҳид ба муносибати оғози Даҳсолаи байналмилалии амал "Об барои рушди устувор, солҳои 2018-2028" мақолаи  Эмомалӣ Раҳмон дар Маҷаллаи "Нигориши СММ" таҳти унвони "Об барои рушди устувор ба табъ расид.

Бино бар иттилои дафтари матбуотии раисҷумҳури Тоҷикистон, дар ин мақола кишвардори Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон аз ҳадафҳо ва зарурати пешниҳоди Даҳсолаи нави байналмилалии амал "Об барои рушди устувор, солҳои 2018 — 2028", таҳияи тадбирҳо ва натиҷаҳои ташаббусҳои қаблии ҷониби Тоҷикистон  пешниҳодҳои асоснокро ба миён гузоштааст.

Эмомалӣ Раҳмон бо хабарнигори телевизион мусоҳиба кард

Мавриди зикри хос аст, ки аз соли 2000 то 2016 бо ташаббуси Тоҷикистон Маҷмаи Умумии Созмони Милали Муттаҳид 7 лоиҳаро оид ба об қабул кард.

Дар байни онҳо "Соли байналмилалии оби тоза, соли 2003", "Даҳсолаи байналмилалии амал "Об барои ҳаёт, солҳои 2005-2015", "Соли байналмилалии ҳамкорӣ дар соҳаи об, соли 2013" ва "Даҳсолаи байналмилалии амал "Об барои рушди устувор, солҳои 2018-2028" мебошад.

"Татбиқи идоракунии ҳамаҷонибаи захираҳои об, таъсири манфии тағйирёбии иқлим, пешгирии офатҳои табиӣ, истифодаи судманди захираҳои гидроэнергетикӣ, корҳои илмию тадқиқотӣ, рушди тавонмандӣ осон кардани дастрасӣ ба санитария аз масъалаҳои мебошад, ки дар мақолаи Президент омадааст",- гуфта мешавад дар иттилои манбаъ.

Ҳамчунин дар ин мақола  Эмомалӣ Раҳмон аз иштироки фаъолона дар пешбурди минбаъдаи ҳалли масъалаҳои об омодагӣ ва мавқеи тағйирнопазири ҷониби Тоҷикистонро баён намудааст.