ДУШАНБЕ, 24 мар — Sputnik. Шаҳрвандони Тоҷикистон аз 16 март имкон пайдо карданд, ки бидуни раводид ба Узбакистон сафар кунанд.
Аз 19 март ҷониби Тоҷикистон ҳам иҷоза дод, ки шаҳрвандони Узабакистон бе раводид то 30 рӯз дар Тоҷикистон монанд.
Ҳангоми убури сарҳад шаҳрвандони Тоҷикистон бояд қоидаҳои оддитаринро дар хотир дошта бошанд: ҳуҷҷатҳои лозимро бо худ гиранд, вақти кори гузагоҳро дақиқ кунанд (на ҳама гузаргоҳҳо шабанарӯзӣ фаъолият доранд) пули зиёдатиро, ки бо он ворид шудан ба ҳудуди Узбакистон мамнӯъ аст, бо худ нагиранд.
Ҳангоми бозгашт шаҳрвандони Тоҷикистон бояд дар хотир дошта бошанд, ки на ҳама ашёеро, ки аз Узбакистон метавон харид, аз сарҳад гузаронида мешавад.
Sputnik Таджикистан рӯйхати ашёҳоеро маълум кард, ки берун овардани он аз марзи Узбакистон мамнӯъ аст.
Чунончӣ, аз Узбакистон баровардани ғалладона ва анвои нону булка мумкин нест, аммо гузаронидани кулчақандҳоро кишвар иҷоза медиҳад.
Ҳамчунин баровардани ашёи арзиши фарҳангидошта, ки беш аз 50 сол умр доранд, мамнӯъ аст. Байни он ашёе, ки вобаста ба ҳаёти мардум, санг ва металлҳои қимматбаҳо, ҳама гуна намуди силоҳ, аксу расм ва видеоматериалҳо мебошанд.
Сеюм, ба Тоҷикистон овардани чорво, гӯшт ва парранда мамнӯъ шудааст. Дар Узбакистон барои ин амалҳо ба ҷавобгарӣ мекашанд. Бояд фаромӯш накард, ки ҳайвонот ва растаниҳоеро, ки ба Китоби сурх ворид карда шудаанд, аз марзи ҳамсоякишвар баровардан, қатъиян мамнӯъ аст. Шуморо метавонанд барои кӯшиши ба Тоҷикистон бурдани пиллаи кирмак низ ҷазо диҳанд. Ҳамчунин аз Узбакистон интиқол додани спирти этилӣ мамнӯъ аст.
Агар хоҳед, ки аз Узбакистон ҷавоҳироти тиллоӣ биёред, бояд аз хотир фаромӯш накунед, ки шумораи он бояд аз 5 дона зиёд набошад ва вазни он дар умум то 5 граммро ташкил диҳад.
Ҳамчунин маҳдудиятҳо барои харидории соати дастӣ ҷорӣ шудааст, ки аз ду то зиёдаш дар марзи Узбакистон мемонад.
Ёдрас мешавем, бино бар маълумотҳои расмӣ дар Тоҷикистон наздикӣ 950 ҳазор узбек ва дар Узбакистон 1,3 миллион тоҷик зиндагӣ мекунанд, ки бо ҳам пайванди ақрабоӣ доранд.