Эмомалӣ Раҳмон бо хабарнигори телевизион мусоҳиба кард

Зимни мусоoҳиба Эмомалӣ Раҳмон аз ҳадафҳои асосии эълони ташаббуси навбатии Тоҷикистон вобаста ба ҳалли мушкилоти марбут ба об, аз ҷумла қабули Даҳсолаи байналмилалии амал "Об барои рушди устувор, солҳои 2018-2028", натиҷаҳои ташаббусҳои кишвар, андашеронӣ кард
Sputnik

ДУШАНБЕ, 24 мар — Sputnik.  Кишвардори Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Ню-Йорк дар ҳошияи кушодашавии чорабинӣ бахшида ба Оғози Даҳсолаи байналмилалии амал "Об барои рушди устувор, солҳои 2018-2028" бо хабарнигори телевизиони СММ мусоҳиба анҷом дод. Дар ин бора дафтари матбуотии раисҷумҳури Тоҷикистон хабар медиҳад.

Ба иттилои манбаъ, Созмони Милали Мутттаҳид сомонаи интернетӣ ва шабакаи махсуси телевизионии худро дорад, ки дар онҳо аз фаъолияти рузмарраи СММ ва ниҳодҳои он, инчунин ҷараён ва натиҷаҳои кори ҷаласаҳои корӣ маводҳо пахш менамояд.

"Зимни мусоoҳиба Эмомалӣ Раҳмон аз ҳадафҳои асосии эълони ташаббуси навбатии Тоҷикистон вобаста ба ҳалли мушкилоти марбут ба об, аз ҷумла қабули Даҳсолаи байналмилалии амал "Об барои рушди устувор, солҳои 2018-2028", натиҷаҳои ташаббусҳои  кишвар, андашеронӣ кард",- гуфта мешавад дар иттилои манбаъ.

Эмомалӣ Раҳмон: дар 6 сол шароити зиндагии беш аз 100000 тоҷик таҳти хатар монд

Таъкид гардид, ки ҳамаи ин ташаббусҳои созанда ба нафъи аҳли башар ва ҳалли мушкилоти вобаста ба об ва санитарӣ равон гардидааст.

Раисҷумҳури Тоҷикистон афзудааст, таҷрибаи қаблӣ исбот кард, ки танҳо дар ҳамдастӣ ҷомеаи ҷаҳонӣ метавонад барои мардуми сайёра зиндагии шоистаро таъмин намояд.

Дар ҷараёни суҳбат хабарнигорони телевизиони СММ ҳамчунин оид ба талошҳову ташаббусҳои Президент ва Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар самти ҳалли дигар масъалаҳои мубрами ҷомеаи башарӣ, самтҳои афзалиятноки фаъолият, инчунин сиёсати дарҳои бози роҳбарияти давлату Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ба саволҳои худ посухҳои мушаххас гирифт.