Аз гараж ба саҳна: Хайём Хаёлбеков намехоҳад ба Муборакшо монанд бошад

Хайём Хаёлбеков овозхони ҷавони тоҷик ҳадаф дорад гурӯҳи худро ташкил кунаду олами мусиқии Тоҷикистонро бо овозхонии зинда тасхир кунад
Sputnik

ДУШАНБЕ, 23 мар — Sputnik, Нилуфар Некқадам. Хайём Хаёлбеков ин рӯзҳо барои консерташ дар Маскав омодагӣ мебинад. Дар суҳбат бо Sputnik Тоҷикистон Хайём дар бораи роҳи ҳунарӣ, консерт дар Маскав ва хоҳиши монанд набудан ба дигарон нақл кард.

Хайём Хаёлбеков 23 майи соли 1990 дар нохияи Ишкошими ВМКБ  ба дунё омадааст. Мактаби миёнаро дар шаҳри  Душанбе хатм кардааст. Донишомӯхтаи бахши муносибатҳои байналмилалии Донишгоҳи Славянии Тоҷикистону Русия мебошад. Дар айни замон Хайём дар Аввалин Бонки Молиявии Хурд шаҳри Душанбе фаьолият мекунаду дар фурсати холӣ ба эҷоди мусиқӣ машғул мешавад.

Кӯдаке бо магнитафон

Хайём Хаёлбеков аз кӯдакӣ шавқи овозхон шуданро доштааст, дар ин роҳ касеро устоди худ намешуморад. Мегӯяд, ки фақат гӯш кардани мусиқӣ ӯро мафтуни оҳангу наво кардааст.

"Аслан устоди ман ин магнитофони одии даврони кӯдакиам буд. Устод Далер Назаров, Олег Фезов, шодравон Наргис Бандишоева, Муборакшо Мирзошоев ва овозхонони классики афғонрро гӯш мекардам",-ба ёд меорад Хайём дар суҳбат бо Sputnik Тоҷикистон.

Шояд таъсири сурудҳои устодони ҳунар буд, ки имрӯз аксари мардуме, ки таронаҳои Хайёмро гӯш мекунанд, сабки ӯро ба Муборакшо Мирзошоев монандӣ медиҳанд.

"Бале ҳаминхел мегӯянд, вале ман Муборакшоро тақлид намекунам ва намехохам ба ягон кас монанд бошам, чун эшон нотакрор буданд, тақлид кардани у маъное ҳам надорад", — бовар дорад Хайём.

Хайём мегӯяд, ки будаанд овозхонони зиёде, ки Муборакшоро тақлид мекарданд, вале дар ин ҷода муваффақ нашудаанд, чун шодравон Мирзошоев нотакрор буд.

Бонкдор, гиторнавоз, овозхон ва оҳангсоз

Дар айни замон Хайём дар Аввалин Бонки Молиявии Хурд шаҳри Душанбе фаьолият мекунаду дар фурсати холӣ ба эҷоди мусиқӣ машғул мешавад.

Овозхонӣ шуғли дӯстдоштааш ҳаст, ки ӯро аллакай байни мардум маъруф кардааст. То имрӯз Хайём Хаёлбеков 12 суруди худро сабт кардаву пешкаши мухслисонаш гардонидааст.

Сурудҳои "Чашмонсиёҳ", "Дар ишқи яздон", "Нозукбадан", "Шоҳмуборак", "Ба ҳаққи шоҳи мардон", "Шохи гул", "Лабҳои сард", "Фасли баҳор", "Рамида", "Санамо", "Май дар соғар андозем", "Ошиқам", Хайём-ро мардум аз шабакаҳои интернетӣ хуб балад аст.