Шурои уламо ба ҳоҷиён: аз ҳаҷҷи дубора худдорӣ кунед

Раёсати фатвои Маркази исломии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз ҳоҷиёни Тоҷикистон хоҳиш кардааст, ки он маблағеро, ки барои адои такрории ин ибодати нофила омода кардаанд, дар амалҳои хайр сарф кунанд
Sputnik

ДУШАНБЕ, 22 мар- Sputnik. Раёсати фатвои Маркази исломии ҷумҳурии Тоҷикистон дар вебгоҳи марказ муроҷиатномаеро барои шахсони ҳаҷраванда мунташир кардааст.

Касоне, ки нияти сафари муборак доранд, бояд барои чунин сафари бузург маънаван омода бошанд, омадааст дар сархатти  муроҷиатнома.

"Касоне, ки нияти сафари муборак доранд, бояд барои чунин сафари бузург маънаван омода бошанд. Ба худ савол диҳанд, ки оё барои адои ин амали муқаддас тайёранд? Зеро баъзеҳо ҳангоми адои маносики ҳаҷ аз ҷиҳати надоштани маърифати комил ба нуқсонҳо рў ба рў мешаванд. Пеш аз ҳама ихлосу эътиқод бояд дар ҷои аввал истад",- омадааст дар он.

Бино бар фатвои марказ, доштани зоду роҳила, яъне маблағи хароҷоти сафар низ аз шартҳои асосии ҳаҷ мебошад.

"Саломатӣ низ барои иҷрои амали ҳаҷ хеле муҳим буда, бемороне, ки қудрати сафар надоранд, бар онҳо адои ин фариза воҷиб нест",- афзудааст Шурои уламо.

Раёсати фатво дар муроҷиатномаи худ таъкид мекнуад, ки адо ҳаҷ як маротиба фарз аст. Такроран анҷом додани он аз нигоҳи фиқҳи ҳанафӣ ибодати нофила ба ҳисоб меравад.

"Ба шаҳрвандоне, ки як бор ин фаризаи Илоҳиро ба ҷо овардаанд, муроҷиат мекунем, ки он маблағеро, ки барои адои такрории ин ибодати нофила омода кардаанд, дар амалҳои хайр ба мисли кўмак ба ятимону бепарасторон ва маъюбон, бунёд кардани бунгоҳҳои тиббӣ, баровардани об ва таъмири роҳҳои ҷамъиятӣ сарф кунанд, зеро ин амалҳо низ дар дини мубини Ислом савоби беандоза дошта, ба анҷомдиҳандаи он аҷру подоши бепоён мерасад",- омадааст дар муроҷиатнома.

Кумитаи дин барои маросими "Ҳаҷ-2018" роҳбалад меҷӯяд

Пештар хабар дода шуд, ки Шаҳрдори Душанбе оид ба омодагии муташаккилона ба мавсими "Ҳаҷ-2018" дар шаҳри Душанбе қарор баровард.

Ба гузориши равобити умумии шаҳрдорӣ, дар ин росто қарор шудааст, оид ба омодагӣ ва муташаккилона баргузор намудани мавсими "Ҳаҷ-2018" дар шаҳри Душанбе комиссияи шаҳрӣ таъсис дода шавад.

Комиссияи мазкур вазифадор шуда, ки дар ҳамкорӣ бо сохторҳои дахлдор ҷиҳати баргузор намудани мавсими "Ҳаҷ-2018" тадбирҳои зарурӣ андешад.
Раисони ноҳияҳои шаҳри Душанберо зарур аст, баҳри қабули саривақтии ҳуҷҷатҳои ҳаҷравандагон комиссияҳои ноҳиявиро таъсис дода, ба комиссияи шаҳрӣ то муҳлати муқарраргардида ҳуҷҷатҳои зуруриро тибқи рӯйхат пешниҳод намоянд.