Аҳволи боғи "Олами афсона" пеш аз бедандону бедум мондани динозаврҳо

Sputnik

Дунёи афсона" дар ҳудуди Муассисаи давлатии "Боғи фарҳангу фароғатии ба номи Садриддин Айнӣ" сохта шудааст ва он дорои 11 намуд майдончаву таҷҳизоти дилхушӣ мебошад. Дастгоҳҳо асосан барои кӯдакони синни то 12 сола пешбинӣ шудааст.

Дар як тарафи маҷмааи зикршуда пайкараҳои азимҷуссаи динозаврҳо гузошта шудааст, ки онҳо бо қувваи барқ ҳаракат карда, садо мебароранд. Сохтани ҳайкалҳои қаҳрамонҳои афсонавӣ дар ҳудуди маҷмаа олами афсонаи кӯдаконро боз ҳам рангин мекунад.

Дар як гӯшаи иншооти фароғатии кӯдаконаи "Дунёи афсона" барои ҷавонону наврасон ду майдончаи варзишии намудҳои волейбол, баскетбол, футболи хурд, теннис ва таҷҳизоти алоҳида барои тамрини бадан бунёд карда шудааст.

Аммо рӯзи гузашта хабар дода шуд, ки дар рӯзи таҷлили Наврӯз ба дидани ин боғи зебо чунин мардуми зиёд омаданд, ки дар натиҷаи якчанд арғунчак ва қаҳрамонҳои афсонавии боғ корношоям шуданд.

Афзун бар ин соатҳои 16:00 масъулини боғ маҷбур шуданд, ки муваққатан дарғҳои "Дунёи афсона"-ро ба рӯйи мардум баста, барои пайваст кардани дандонҳои шикастаи динозаврҳо ва думҳои афтидаи онҳо мутахассисонро даъват кунанд.

Аксеҳое, ки Sputnik Тоҷикистон пешниҳод мекунад, як рӯз пеш аз "ҳодиса" аккосӣ шудаанд.

1 / 11
унёи афсона" дар ҳудуди Муассисаи давлатии "Боғи фарҳангу фароғатии ба номи Садриддин Айнӣ" сохта шудааст
2 / 11
Мардум дар арафаи боғ аз боғи нав дидан карданд
3 / 11
Пеш аз Наврӯз масъулин эълон карданд, ки дар се рӯзи таҷлили ҷашн ройгон ба мардум дарҳояшро боз мекунад
4 / 11
"Дунёи афсона" дорои 11 намуд майдончаву таҷҳизоти дилхушӣ мебошад
5 / 11
Дастгоҳҳо асосан барои кӯдакони синни то 12 сола пешбинӣ шудааст.
6 / 11
Дар боғ барои ҷавонону наврасон ду майдончаи варзишии намудҳои волейбол, баскетбол, футболи хурд, теннис ва таҷҳизоти алоҳида барои тамрини бадан бунёд карда шудааст
7 / 11
Новый парк Дунёи афсона, архивное фото
8 / 11
Дар як тарафи маҷмааи зикршуда пайкараҳои азимҷуссаи динозаврҳо гузошта шудааст, ки онҳо бо қувваи барқ ҳаракат карда, садо мебароранд.
9 / 11
Лоиҳаи маҷмааи "Дунёи афсона" — ро Корхонаи Воҳиди Давлатии "Лоиҳакаш" — и шаҳри Душанбе дар асоси фармоиши Корхонаи Воҳиди Давлатии "Ширкати алюминии тоҷик" таҳия карда, онро дар майдони 2,5 гектар бунёд карданд
10 / 11
Сохтани ҳайкалҳои қаҳрамонҳои афсонавӣ дар ҳудуди маҷмаа олами афсонаи кӯдаконро боз ҳам рангин мекунад
11 / 11
Вале рӯзи гузашта хабар дода шуд, ки меҳмонҳои хурдакаки боғ дандонҳои динозаврҳоро шикастанд ва думҳои онҳоро канданд