Сафир дар табрикоташ қайд карда, ки ин соли нав бо муждаи дӯстӣ сафари раисҷумҳури Узбакистон Шавкат Мирзиёев ба Тоҷикистон оғоз шуд ва изҳори боварӣ кард, ки ин қадами нахустин дар барқарор кардани муносиботи бародарона шавад.
"Муносибати хуб байни кишварҳо барои дӯстӣ ва ҳамдигарфаҳмӣ ва рушди иқтисоду иҷтимоъ дар Осиёи Марказӣ бисёр муҳим аст", — гуфт сафир.
Ҳамчунин сафир аз эълом шудани соли 2018 чун Соли рушди гардишгарӣ ёдоварӣ карда, гуфт, ки мардуми тоҷик бисёр боистеъдод ҳастанд ва бо ҳунарашон Тоҷикистонро дар ҷаҳон машҳур хоҳанд кард.
Наврӯз — ҷашни баробар шудани рӯзу шаб ва оғози соли нав дар миёни мардумони эронитабор аст ки онро бархе аз турктаборон, аз онҷумла дар Русия, Қафқоз, Осиёи Марказӣ ва Осиёи Хурд низ ҷашн мегиранд.
Моҳи сентябри соли 2009 ЮНЕСКО Наврӯзро дар феҳрасти осори фарҳангии башар шомил карда ва дар поёни моҳи феврали соли 2010 Маҷмаъи умумии СММ 21 мартро "Рӯзи ҷаҳонии Наврӯз" эълом кард.