Коршинос: норасоии об дар Осиёи Марказӣ ба рушди минтақа таҳдид мекунад

Дар остонаи Рӯзи об доктори илмҳои ҷуғрофӣ, профессор, муовини ректор оид ба корҳои илмии Донишкадаи давлатии гидрологӣ Валерий Вуглинский роҷеъ ба мавҷудияти захираҳои оби тоза дар ҷаҳон ва Осиёи Марказӣ, гуфт
Sputnik

Захираҳои об дар сайёра хеле ноҳамвор тақсим шудаанд, таъкид кард коршинос. Дар дунё масоҳати зиёди хӯшк вуҷуд дорад — қитъаи Африқо, минтақаи Осиёи Марказӣ мебошанд, ки дар онҳо норасоии захираҳои об бисёр ҳис карда мешавад.

"Шумораи аҳолӣ афзоиш меёбад, оби нӯшокӣ дар ин манотиқ захираи норасо мешавад. Истеҳсоли саноат зиёд мегардад, оби ошомиданӣ бояд дар бисёр соҳаҳои фаъолият истифода шавад", — шарҳ дод Валерий Вуглинский ба радиои Sputnik.

Вуглинский: в Центральной Азии растет дефицит водных ресурсов

Хотиррасон мекунем, ки раисҷумҳури Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон бо сафари корӣ дар шаҳри Ню-Йорк қарор додрад. Дар он ҷо чорабиниҳои СММ бахшида ба Даҳсолаи байналмилалии тарҳи "Об барои рушди устувор" гузаронида мешаванд, ки дар онҳо сарвари Тоҷикистон иштирок хоҳад кард.

Тоҷикистон аз захираҳои об бой аст, аммо барои истифодаи самараноки он инфрасохтори муосир зарур аст. Илова бар ин, дарёҳои мавҷуда дар қаламрави Тоҷикистон ба кишварҳои ҳамсоя, хусусан ба Узбакистон, ҷорӣ мешаванд, ки на як бору ду бор сабаби муноқишаҳои байни ҷумҳуриҳои Осиёи Марказӣ гардидаанд.