Раисҷумҳур дар остонаи Наврӯз зиндониҳоро авф кард

Қарори раисҷумҳур дар бораи авф зиндониҳоро аз маҳбус озод мекунаду аз зиндагӣ дар маконҳои вижа ҳам халосӣ медиҳад
Sputnik

ДУШАНБЕ, 21 мар— Sputnik. Раисҷумҳури Туркманистон Қурбонқулӣ Бердимуҳаммадов қарор дар бораи "Авф ба муносибати ҷашни миллӣ-Наврӯз", имзо кардааст, хабар медиҳад шабакаи маҳаллӣ.

Қарори раисҷумҳур дар бораи авф зиндониҳоро аз маҳбус озод мекунаду аз зиндагӣ дар маконҳои вижа ҳам халосӣ медиҳад.

Хадамоти матбуотии раисҷумҳур қайд карда, ки ин қарори Бердимуҳаммадов бо "инсондӯстӣ, меҳрубонӣ ба мақсади таҳкими ваҳдати мардуми туркман ва ҳар хонавода", имзо шудааст.

Раисҷумҳур 700 зиндониро авф кард

Шумораи авфшудагон гуфта нашудааст.

Дар Туркманистон соле чанд бор раисҷумҳур зиндониҳоро авф мекунад.

Бори охир Қурбонқулӣ Бердимуҳаммадов моҳи декабр бо тасвиби қонун 697 зиндониро бахшид. Ин қарор ба муносибати Рӯзи бетарафӣ, ки ҳамасола санаи 12 декабр таҷлил мешавад, қабул шуда буд.

Раисҷумҳури Туркманистон дар ин росто ба раҳбарони мақомоти маҳаллӣ фармон дода, ки зиндониҳои озодшударо бо ҷои кор таъмин кунанд.

Наврӯз — ҷашни баробар шудани рӯзу шаб ва оғози соли нав дар миёни мардумони эронитабор аст ки онро бархе аз турктаборон, аз онҷумла дар Русия, Қафқоз, Осиёи Марказӣ ва Осиёи Хурд низ ҷашн мегиранд.

Моҳи сентябри соли 2009 ЮНЕСКО Наврӯзро дар феҳрасти осори фарҳангии башар шомил карда ва дар поёни моҳи феврали соли 2010 Маҷмаъи умумии СММ 21 мартро "Рӯзи ҷаҳонии Наврӯз" эълом кард.