Бунгоҳи "Диссернет" панҷ олими тоҷикро ба асардуздӣ айбдор кард

Панҷ олими тоҷик, ки дар солҳои 2010-2017 рисолаҳои илмӣ ҳимоя карда, аз ВАК-и Русия унвони илмӣ гирифтаанд, дар асардуздӣ айбдор мешаванд
Sputnik

ДУШАНБЕ, 20 мар — Sputnik.Бунгоҳи "Диссернет" панҷ олимро аз Тоҷикистон дар асардуздӣ айбдор кардааст.

Ҳамин тавр, намояндагони "Диссернет" ба Вазорати таълими Русия муроҷиат намудаанд, ки ду нафар олими тоҷик ─ Зафар Тайфуров (номзади илмҳои ҳуқуқшиносӣ) ва Назрулло Амиров (доктори илмҳои иқтисодӣ, намояндаи мардумии Маҷлиси шаҳри Душанбе) ─ аз унвонҳои илмияшон маҳрум карда шуданд.

Донишманди тоҷики муқими Австралия муттаҳам ба тундгароӣ шуд

Фаъолони ҷомеа дар расонаи худ навиштаанд, ки Назрулло Амиров матни рисолаи илмии Гончарова Н. З. "Рушди бозори маҳсулоти гӯшти чорво дар Русия: назария, методология, таҷриба"-ро, ки соли 2008 ҳимоя шудааст, бе такя ба муаллиф ва манбаи иқтибос, азони худ кардааст.

"Дисернет" таъкид мекунад, ки ҳангоми иқтибоси мавод, Амиров  танҳо калимаи "Русия"-ро ба вожаи "Тоҷикистон" иваз намудаасту, халос. Матни боқимонда сад дар сад рӯйнавис шудааст. 

Назарулло Амиров дар навбати худ эълом дошта, ки лағви дараҷаи доктории ӯ дар натиҷаи нодурустфаҳмӣ сурат гирифтааст, аммо ҷониби Русия ба гуфтаҳои ӯ аҳамияте надодааст.