Раиси Маҷлиси Эрон Наврӯзро ба ҳамтои тоҷикаш табрик гуфт

Раиси Маҷлиси Шӯрои исломии Эрон фаро расидани Наврӯзро ба раиси Маҷлиси намояндагони Тоҷикистон табрик гуфт
Sputnik

ДУШАНБЕ, 20 мар — Sputnik. Алӣ Лориҷонӣ дар паёме ба Шукурҷон Зуҳуров фаро расидани Наврӯзр табрик гуфт ва барои миллат ва давлати Тоҷикистон пешрафт ва осоиши рӯзафзун орзу кард, гузориш медиҳад хабаргузории "Садову Симои Эрон".

Лориҷонӣ дар паёмҳое ба раисони маҷлисҳои кишварҳои Афғонистон, Туркия, Покистон, Ӯзбакистон, Озарбойҷон, Қирғизистон, Қазоқистон ва Ироқ низ ибрози умедворӣ кард, ҳамгом бо таҳаввул дар табиат, соли хуршедии пешорӯ лабрез аз пешрафт, ҳамроҳ бо адолат барои ҳамаи миллатҳо бошад.

Замони дақиқи фарорасии Наврӯз дар Тоҷикистон муайян шуд

Раиси Маҷлиси Шӯрои исломии Эрон дар паёмҳои наврӯзии худ ҳамчунин ҳалли чолишҳои кунунӣ ва муқобила бо таҳдидҳо дар минтақаро дар гарави таомули наздики ҳамаи кишварҳои минтақа донист ва таъкид кард, бешак тақвияти раванди гуфтугӯҳои парлумонӣ нақши муҳиме дар кумак ба амният ва суботи минтақа хоҳад дошт.

Наврӯз дар 12 кишвари ҷаҳон ба расмият шинохта мешавад, аммо дар 9 кишвар – Эрон, Афғонистон, Тоҷикистон, Ҷумҳурии Озарбойҷон, Узбакистон, Туркманистон, Қазоқистон, Қирғизистон ва Албания бо ҳамин номи "Наврӯз" дар тақвими расмӣ таътил ё рӯзи истироҳат аст.

Наврӯз дар минтақаҳои курднишини Ироқ, Туркия ва Сурия низ таътил аст.