Дар Суғд сабқати пойга ва бузкашӣ баргузор мешавад

Дар вилояти Суғд ба муносибати ҷашни Наврӯз сабқати пойга ва бузкашӣ баргузор мешавад
Sputnik

ДУШАНБЕ, 19 мар- Sputnik. Ба гузориши равобити умумии ҳукумати вилояти Суғд, ин сабқатҳо рӯзи 22 март дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров гузаронида хоҳанд шуд.

Бахшида ба Иди Наврӯзи байналмилалӣ рӯзи 22 марти соли равон дар Ипподроми ҷамъияти саҳҳомии ба номи Абдураҳим Ҷумъаеви ноҳияи Бобоҷон Ғафуров мусобиқаи миллии пойга ва бузкашӣ доир мешавад.

Сокинон ва хоҳишмандон метавонанд дар ин мусобиқаҳо иштирок намоянд.

Пирӯзии донишҷӯёни Донишкадаи тарбияи ҷисмонӣ дар Дави наврӯзӣ

Иштирокчиёни фаъол ва ғолибони мусобиқаҳо бо тӯҳфаҳои хотиравӣ қадршиносӣ мешаванд.

Пештар хабар дода шуд, ки 22 март дар пойтахти Тоҷикистон Ҷашнвораи фарҳанг ва сайёҳӣ таҳти номи "Наврӯз — мероси фарҳанги гардишгарӣ" баргузор мешавад.

Дар ин рӯз ҷашни гардишгарии Наврӯз ҳамчун бренди гардишгарии Тоҷикистон пешниҳод мегардад.

Илова бар ин, 25 март дар маҷмааи "Наврӯзгоҳ"-и шаҳри Душанбе намоиш бузурги театрӣ баргузор мешавад.

Бо дастури шаҳрдори Душанбе  Рустам Эмомалӣ, 26 марти соли ҷорӣ дар ҳамин маҷмаа мусобиқаи миллии куштӣ, ва 31 март пойгаҳои аспӣ ба амал меоянд.

Шаҳрдорӣ тақрибан 20 ҳазор доллар барои барпо кардани ин мусобиқот аз буҷаи худ ҷудо кардааст.