"Навруз party": Аброр Назаров зодрӯзашро дар Маскав ҷашн мегирад

Аброр Назаров дар Маскав ба муносибати зодрӯзаш "Навруз party" баргузор мекунад
Sputnik

ДУШАНБЕ, 19 мар — Sputnik. Парвиз Назаров, писари устоди ҳунар Далер Назаров, дар Маскав "Навруз party" баргузор мекунад.

"Навруз party" рӯзи якуми апрел дар тарабхонаи "Встреча" Максав баргузор мешавад.

"Ин шухӣ нест, танҳо як баҳои хубе барои дидор ва хушнудии мо, барои рақс суруд ва ғизоҳои болаззат. Ба "Навруз party" биёед. Ман ва дӯстонам шуморо интизор мешавем!", — навиштааст Аброр дар саҳифаи фейсбукии худ.

Ду сол мешавад, ки Аброр Назаров дар Маскав зиндагӣ ва кору фаъолият дорад. Ӯ шогирдони зиёде дораду онҳоро навохтан меомӯзад.