Мардуми Узбакистон ҳам иҷозаи бидуни раводид ба Тоҷикистон омаданро пайдо карданд

Сухангӯи палатаи поёнии парлумони Тоҷикистон Шукурҷон Зуҳуров дастур дод то ба ҷониби Узбакистон дар робита ба гузаштани санад аз проседураҳои расмии дохилидавлатӣ дар Тоҷикистон, хабар дода шавад
Sputnik

ДУШАНБЕ, 19 мар — Sputnik. Палатаи поёнии парлумон созишномаи байни ҳукуматҳои Тоҷикистон ва Узбакистонро дар робита ба сафарҳои мутақобилаи бидуни раводид тасдиқ кард.

Қабл аз тасдиқи санад муовини аввали вазири корҳои хориҷии Тоҷикистон Низомиддин Зоҳидӣ ба депутатҳо гуфт, ки санади мазкур дар Узбакистон тамоми проседураҳои дохилидавлатиро гузаштааст.

Парлумони Тоҷикистон тавофуқномаи рафтуомади бераводид бо Узбакистонро баррасӣ кард

Ҷониби Тоҷикистон дар робита ба ин тавассути каналҳои дипломатӣ матлаъ шуда буд. Сухангӯи палатаи поёнии парлумони Тоҷикистон Шукурҷон Зуҳуров дар ҷавоб дастур дод то ба ҷониби Узбакистон дар робита ба гузаштани санад аз проседураҳои расмии дохилидавлатӣ дар Тоҷикистон, хабар дода шавад.

Пештар гузориш дода шуда буд, ки реҷаи бидуни раводид ба муддати то 30 рӯз барои шаҳрвандони Тоҷикистон дар Узбакистон, аз таърихи 16-уми марти соли равон оғоз меёбад.

Ёддовар мешавем, ки дар рафти сафари давлатии раисиҷумҳури Узбакистон Шавкат Мирзиёев ба Тоҷикистон, созишномаи байниҳукуматӣ дар робита ба сафарҳои мутақобилаи бидуни раводиди шаҳрвандони ҳар ду кишвар, ба муддати то 30 рӯз ба имзо расида буд.