Тағйироти кадрӣ дар Вазорати корҳои дохилӣ

Собирҷонов Аброр Ҳоҷинеъматович сардори бахши корҳои ташкилотии Раёсати ВКД таъйин шудааст
Sputnik

ДУШАНБЕ, 18 мар- Sputnik. Дар ду бахши Вазорати корҳои дохилии Узбакистон тағйироти кадрӣ ба амал омад, хабар медиҳад нашриёти интернетии uznews-uz.

Ҳамин тавр, Собирҷонов Аброр Ҳоҷинеъматович сардори бахши корҳои ташкилотии Раёсати ВКД таъйин шудааст.

Подполковник Зокиров Ҷамшед Бахтиёрович муовини сардори Раёсати ВКД таъйин шудааст.

Қайд мешвад, ки оғоз аз 1 апрел низоми баҳогузории фаъолияти кормандони мақомоти ҳифзи ҳуқуқ роҳандозӣ мешавад.

"Дар ҳоли ҳозир мо ҳуҷҷатҳоеро омода мекунем, ки меъёрҳои рейтинги баҳогузорӣ ва тарзи баргузоркунии онро муайян мекунад. Ин ҳуҷҷатҳо бо фармони вазири корҳои дохилии кишвар ба тасвиб хоҳад расид. Вале муҳимтарин меъёри баҳогузорӣ муносибати шаҳрвандон ба фаъолияти кормандони ҳифзи ҳуқуқ хоҳад буд", — гуфт муовини вазири корҳои дохилӣ, сардори Раёсати ВКД Тошканд Рустам Ҷураев.